Шумораи бекорон дар Тоҷикистон афзудааст

Оҷонси мегӯяд, музди миёнаи кормандони кироякор дар Тоҷикистон моҳи август 14,5% кам камтар шудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 31 окт - Sputnik. Шумораи афроди ҳамчун бекор расман сабтшуда дар Тоҷикистон 51,6 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.
Ин нисбат ба августи соли 2024-ум 5,3% зиёд шудааст, иттилоъ дод Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии кишвар.
Сатҳи бекории расман сабтшуда нисбат ба шумораи умумии қувваи корӣ 1,8%-ро ташкил медиҳад, афзуд манбаъ.
Дар ҳамин ҳол, таъкид мешавад, ки шумораи корталабон дар Тоҷикистон афзоиш ёфтаанд.
Ба ҳолати аввали сентябр дар Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии Тоҷикистон 86,7 ҳазор корталаб сабт шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта қариби 13% ва нисбати июли соли ҷорӣ 4,3% бештар мебошанд.
Оҷонси мегӯяд, музди миёнаи кормандони кироякор дар Тоҷикистон моҳи август кам шудааст.
Вазорати меҳнат: Дар Тоҷикистон беш аз як миллион нафар бекорон соҳиби ҷойи кор шудаанд
Дар моҳи охири тобистони соли ҷорӣ кироякорон ба ҳисоби миёна қариби 2,5 ҳазор сомонӣ моҳона гирифтаанд, ки нисбати июли соли равон 14,5% кам мебошад, бармеояд аз додаҳои Агентии омори Тоҷикистон.
Аммо дар муқоиса бо августи соли 2024-ум 8,4% зиёд шудааст, афзуд манбаъ.
Дар ҳамин ҳол ин ниҳод мегӯяд, ки ба ҳолати август дар кишвар 43,2 ҳазор нафар дуҷоякораанд.
Теъдоди онҳое, ки дар асоси қарордодҳои шаҳрвандию ҳуқуқидошта дар чанд ҷой кор мекунанд, 3,4%-и шумораи умумии ҷойҳои кории ишғолшуда дар кишварро ташкил медиҳанд, иттилоъ дод Агентии омори Тоҷикистон.
Барои мисол дар соҳаи тандурустӣ ва хизматрасонии иҷтимоӣ ба аҳолӣ дар Тоҷикистон Беш беш аз 9 ҳазор нафар дуҷоякораанд.
Ин қариби 8% аз шумораи умумии ҷойҳои кории ишғолшуда дар ин соҳаро ташкил медиҳад, бармеояд аз додаҳои Агентии омори Тоҷикистон.