ДУШАНБЕ, 30 окт — Sputnik. То соли 2028 40% -и макотиби Тоҷикистон ба интернети баландсуръати пайваст мешавад.
Дар ин бора, директори Муассисаи давлатии "Маркази ҷумҳуриявии таҳлил, иттилоот ва технологияҳои рақамӣ" Комрон Муҳаммадраҷабзода зимни ҷаласаи Вазорати маориф хабар дод.
"Бо дастгирии Бонки ҷаҳонӣ лоиҳаи нави пайваст намудани муассисаҳои таълимӣ ба шабакаи интернет таҳия гардида, тибқи он дар назар аст, то соли 2028 40% -и муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ба шабакаи баландсуръати интернет пайваст карда шаванд", - гуфт Муҳаммадраҷабзода.
Ба гуфтаи Муҳаммадраҷабзода, давоми нуҳ моҳи соли 2025 дабистонҳои ҷумҳурӣ бо 100 ҳазору 950 компютер, 7146 тахтаи электронӣ ва 8267 видеопроектор муҷаҳҳаз мебошанд.
Ҳамзамон, 2756 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ба шабакаи интернет пайваст гардидаанд, ки қисми зиёди онҳо тариқи модем фаъолият мекунанд.
Дар баробари ин, ба макотиби Душанбе, ВМКБ, Суғду Хатлон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 2500 нусха дастурамалҳои истифодаи таҷҳизоти техникӣ ва 390 адад барномаҳои зиддивирусӣ дастрас гардидаанд.
Ин нақшаҳо дар доираи татбиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба Барномаи ҷорӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ барои солҳои 2024-2028 татбиқ шудааст.
Дар ҷаласа ба масъулин ҷиҳати бартарафсозии камбудиҳо ва пурзӯр намудани назорат дастуру супоришҳои мушаххас дода шудааст.