Маълум шуд, дар вилояти Хатлон чӣ миқдор пахта ҷамъоварӣ шудааст

Мақомоти вилояти Хатлон ахиран аз иҷрои дурнамои ҷамъоварии пахта дар ноҳияи Носири Хусрав гузориш доданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 29 окт — Sputnik. Дар вилояти Хатлон то кунун 243,1 тонна пахта ҷамъоварӣ шудааст, ки 96% -и дурнамои солонаро ташкил медиҳад.
Дар ин бора, хадамоти матбуотии раиси вилояти Хатлон гузориш додааст.
Гуфта мешавад, ки дурнамои 19 шаҳру навоҳии пахтакори вилояти Хатлон имсол 254,3 тонна мебошад.
Дар байни 19 шаҳру ноҳияҳои пахтакор то ин имрӯз 14 шаҳру ноҳия - Левакант, Бохтар, Дустӣ, Ёвон, Данғара, Вахш, Хуросон, Ҷайҳун, Ҷалолиддини Балхӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Кӯшониён, Қубодиён, Шаҳритус пурра аз иҷрои дурнамои пахта баромадаанд.
Ахиран гузориш дода шуд, ки пахтакорони ноҳияи Носири Хусрав низ дурнамои ҷамъоварии пахтаро 100 фоиз иҷро намудаанд.
Дар ин ноҳия, 6 ҳазору 808 тонна "тиллои сафед" ҷамъоварӣ шудааст.
Мувофиқи иттиллоъ, айни замон дар нохияи Носири Хусрав корхонаи пахтатозакунӣ фаъолият дошта, дар ҳамкорӣ бо хоҷагидорону пахтакорон ҳосили ҷамъоваригардидаро саривақт қабул ва коркард намуда истодаанд.
Аз ноҳияи Носири Хусрав раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид боздид карда, дар маросими ҳавасмандгардонии хоҷагиҳои деҳқонӣ иштирок намудааст.
Беш аз 800 сокини шаҳру навоҳии Суғд ба кумаки пахтачинони ноҳияи Зафаробод рафтаанд
Раиси вилоят зимни суханронӣ бо хоҷагидорону роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ ҷиҳати иҷрои дурнамои истеҳсолии пахта изҳори сипос кардааст.