Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Лавров: Русия умедвор аст, ки Трамп сулҳи пойдор дар Украинаро мехоҳад

Маскав ҳамчунин ба кафолатҳое умед дорад, ки мулоқоти президентҳои Русия ва Иёлоти Муттаҳида натиҷае хоҳад дод
Sputnik
ДУШАНБЕ, 28 окт — Sputnik. Русия умедвор аст, ки президенти ИМА Доналд Трамп хоҳони сулҳи пойдор дар Украина аст, на фароҳам овардани шароит барои ворид кардани силоҳ ба режими Киев.
Дар ин бора Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия, зимни нишасти хабарӣ дар пайи нишасти сатҳи баланд дар Конфронси сеюми байналмилалии амнияти Авруосиё дар Минск изҳор дошт.
"Мо бисёр умедворем, ки президент Трамп сулҳи воқеии пойдорро мехоҳад, на фароҳам овардани шароит барои ворид кардани идомаи силоҳ ва пул ба режими Киев, то ин ки он талошҳои худро идома диҳад ва ҳамчун абзори аврупоиҳо дар ҷанг алайҳи Русия хидмат кунад",- гуфт Лавров ба хабарнигорон.
Гузашта аз ин, Маскав ба замонат ниёз дорад, ки мулоқоти президентҳои Русия ва ИМА Владимир Путин ва Доналд Трамп натиҷа диҳад ва Русия ба ин омода аст.
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дмитриев: Русия мехоҳад, ки низоъ дар Украина бо роҳҳои дипломатӣ ҳал шавад
"Мо ҳамчунин ба кафолатҳо ниёз дорем, ки мулоқоти президентҳо натиҷаҳои мушаххас хоҳад дод. Мо ба ин натиҷа омода ҳастем. Гузашта аз ин, вақте президентҳо Путин ва Трамп дар Анкориҷ дар Аляска мулоқот карданд, мо аз пешниҳодҳое, ки Стивен Виткофф, фиристодаи вижаи раисиҷумҳури Амрико як ҳафта пеш ба Маскав оварда буд, пуштибонӣ кардем", - гуфт ӯ.
Лавров ҳамчунин ёдовар шуд, ки Русия интизори вокуниши мусбати ИМА ба пешниҳоди Путин дар бораи идомаи риояи Шартномаҳо дар бораи кам кардани яроқи стратегии хуҷумдар тӯли як сол пас аз анҷоми муҳлати созишнома аст. Аҳдномаи мазкур 5 феврали соли 2026 ба охир мерасад.