ДУШАНБЕ, 27 окт — Sputnik. Дар Тоҷикистон зарфи нуҳ моҳи соли ҷорӣ тавлиди гӯшт аз чорвои калону хурд, мурғ ва моҳӣ афзоиш ёфт, гузориш медиҳад Оҷонсии омори кишвар.
Чунончи, истеҳсоли гӯшти чорвои калону майда дар давраи муайян назар ба нишондодҳои соли гузашта 10,6% афзуд.
Аз моҳи январ то май дар ҷумҳурӣ беш аз 198751 тонна гӯшт истеҳсол карда шуд.
Афзоишиистеҳсоли гӯшти чорвои калон ва майда дар ВМКБ 2,1%, вилояти Суғд 13,4%, Хатлон 11,4% ва НТМ 5,6%-ро ташкил додааст.
Дар ҳамин ҳол истеҳсоли гӯшти парранда нисбат ба ҳамин давраи соли қаблияш рушди назаррас надорад.
Оҷонсӣ гуфта, ки аз аввали сол беш аз 34,2 ҳазор тонна гӯшти парранда истеҳсол шудааст, ки нисбат ба моҳҳои январ-сентябри соли гузашта 1,1% зиёд мебошад.
Дар мавриди афзоиши сайди моҳӣ бошад, дар Тоҷикистон афзоишро нишон дода, он беш аз 3 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад.
Ҳаҷми маҳсулоти моҳипарварӣ дар ин муддат ба 96,7 млн сомонӣ баробар шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 8,9% зиёд мебошад.
Ҳамчунин тибқи гузориш аз аввали соли ҷорӣ дар Тоҷикистон истеҳсоли тухм низ афзуд.
Зарфи нуҳ моҳи гузашта дар кишвар беш аз миллиард дона тухм истеҳсол шуд, ки ин назар ба нишондоди соли гузашта 15,9% зиёд аст.
Таъкид мешавад, ки истеҳсоли тухм дар ҳама манотиқи кишвар афзудааст.