ДУШАНБЕ, 23 окт — Sputnik. Раиси КДАМ-и Тоҷикистон Саймумин Ятимов изҳор дошт, ки муҳоҷирони корӣ ҳадафи аввалиндараҷаи ҷалби ифротгароён мебошанд.
Дар ин бора, Саймумин Ятимов дар нишасти зиддитеррористии Душанбе изҳор дошт, хабар медиҳад хабарнигори Sputnik Тоҷикистон.
Ӯ қайд кард, ки коргарони хориҷӣ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ аксаран осебпазиртарин табақаи иҷтимоии шаҳрвандони кишварҳои дигар буда, онҳоро ҳадафи муносиб барои таблиғоти террористӣ табдил медиҳанд.
Дар ҳамин ҳол, раиси хадамоти вижа таъкид кард, ки мақомоти Тоҷикистон ба офиятбахшӣ ва ҳамгироӣ ба ҷомеъаи шаҳрвандони тоҷик, ки дар минтақаи ҷанг қарор гирифта, вале изҳори пушаймонӣ ва хоҳиши бозгашт ба ватан кардаанд, аҳамияти хоса медиҳанд.
Дар ин росто, ба гуфтаи Ятимов Тоҷикистон беш аз 4 ҳазор донишҷӯро аз муассисоти таълимии динии хориҷӣ баргардонд.
"Ин барои ҷилавгирӣ аз пайвастанашон ба гуруҳҳои ифротӣ амалӣ шуд, зеро онҳо ҳадафи эҳтимолии мағзшӯӣ қарор мегирифтанд", - изҳор дошт раиси КДАМ Тоҷикистон зимни ҳамоиши зиддитеррористии ИДМ дар Душанбе.
Саймумин Ятимов ҳамчунин, аз хатари қонунӣ шудани террористон ҳушдор дод.
"Ҷомеаи ҷаҳонӣ ба падидаи терроризм мутобиқ шуд ва унсурҳои "ҳамзистӣ" бо он пайдо шуданд. Террористони дирӯз дар сатҳи баланд қабул шуда, эътирофи онҳо ба расмият дароварда мешавад",- гуфт ӯ.
Ятимов таъкид кард, ки ин ҷангиёнро дар саросари ҷаҳон, аз ҷумла дар Осиёи Марказӣ рӯҳбаланд мекунад.