ДУШАНБЕ, 23 окт — Sputnik. Сухангӯи вазорати корҳои хориҷии Чин Го Тзякун ахиран дар брифинг гуфт, муколама ва гуфтушунид ягона роҳи муассири ҳалли бӯҳрон дар Украина аст.
Қаблан президенти ИМА Доналд Трамп изҳор дошт, ки Си Ҷинпин, раҳбари Чин метавонад ба раванди сулҳи Украина таъсири ҷиддӣ расонад.
Дипломат дар шарҳи изҳороти Трамп гуфт, "муколама ва музокира ягона роҳи муассир барои ҳалли бӯҳрони Украина аст".
Го Тзякун илова кард, ки "фишор мушкилотро ҳал намекунад".
Амалиёти вижа дар Украина
Русия оғоз аз 24-уми феврали соли 2022 дар Украина амалиёти вижаи низомӣ мебарад. Владимир Путин, президенти Русия, рисолати худро "ҳифозати одамоне, ки тӯли ҳашт сол аз сӯи режими Киев мавриди таҳқир ва наслкушӣ қарор гирифтаанд" тавсиф кард.
Ба гуфтаи вай, ҳадафи ниҳоии амалиёти вижаи низомӣ озодсозии Донбасс ва фароҳам овардани шароитест, ки амнияти худи Русияро кафолат медиҳад.
Кишварҳои ғарбӣ даст доштан дар даргириҳои Украинаро расман рад мекунанд, вале ба таъмини нирӯҳои мусаллаҳи Украина бо силоҳ идома медиҳанд. Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров қайд кард, ки ҳама гуна интиқоли аслиҳа ба Украина ҳадафи қонунии Русия хоҳад буд.
Вазорати хориҷаи Русия изҳор дошт, ки кишварҳои НАТО бо интиқоли силоҳ ба Украина "бо оташ бозӣ мекунанд". Дар ҳамин ҳол, Маскав борҳо омодагии худро барои оғози музокирот дар бораи ҳалли низоъ изҳор доштааст, аммо Киев барои музокирот мамнӯъияти қонунӣ ҷорӣ кардааст.