Нерӯҳои посдори сулҳи СПАД дар Тоҷикистон ба тамрин пардохтанд

Дар тамрингоҳи Фахрободи Тоҷикистон марҳилаи фаъоли тамринҳои посдори сулҳи СПАД оғоз шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 22 окт — Sputnik. Фармондеҳи нерӯҳои дастаҷамъии вокуниши сареъи СПАД, полковник Рустам Ҳотамзода, аз тасмими баргузории амалиёти посдори сулҳ дар чорчӯби тамринҳои "Бародарони шикастнопазир - 2025" ва "Монеа - 2025" дар Тоҷикистон хабар дод.
Дар ин бора ТАСС бо истинод ба котиби матбуотии Ситоди муштараки созмон,Владислав Щегрикович хабар дод.
Гузориш дар тамрингоҳи Фахробод бо ҳузури генерал-полковник Андрей Сердюков, раиси ситоди муштараки СПАД ироа шуд. Баъди тасдиқи ин қарор фармондеҳ ба нақшаи амалии амалиёт ва ташкили ҳамкории байни қисмҳо шуруъ намуд.
Тавре намояндаи ситоди СПАД қайд кард, тибқи сенарияи машқ нерӯҳои посдори сулҳ вазифаҳои нигоҳ доштани оташбас байни ҷонибҳои даргири фарзиявиро иҷро мекунанд.
Дар минтақаи масъулияти худ воҳидҳо доираи васеи вазифаҳоро иҷро мекунанд: аз посбонии сайёр, посбонӣ ва бандҳои роҳ, то поксозии минаҳо, мушоияти кӯмаки башардӯстона ва тахлияи ғайринизомиён.
Оғози тамринот: Нерӯҳои СПАД дар Тоҷикистон мавқеъ гирифтанд
Инчунин машқҳо барои рафъи ҳамла ба нуқтаи назоратӣ ва муҳосираи душмани шартӣ ба нақша гирифта шудаанд.
Ёдовар мешавем, ки аз 20 то 24 октябр дар тамрингоҳи Фахробод марҳилаи фаъоли машқҳои муштараки "Бародарии шикастнопазир - 2025" ва машқҳои вижаи "Монеа - 2025" ҷараён дорад.