ДУШАНБЕ, 22 окт — Sputnik. Дар ноҳияи Восеъ варзишгоҳи бузург бо чамани табиӣ ва 21 ҳазор ҷойи нишаст, мавриди истифода қарор гирифт.
Дар маросими ифтитоҳи он президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки бо сафари корӣ дар ноҳияи Всоеъ қарор дорад, ширкат кард, хабар медиҳад хадамоти матбуотии раисиҷумҳур.
Гуфта мешавад, ки корҳои сохтмонӣ ҳанӯз соли 2017 оғоз гардида, бо харҷи наздики 69 млн. сомонӣ ба итмом расидааст.
Дарозию паҳноии майдони футбол 105 ба 68 метр буда, дорои чамани табиист.
"Ин имкон медиҳад, ки бозигарон дар майдони ба талаботи мусобиқаҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ бозӣ ва тамрин намоянд. Атрофи чаман, ки бо роҳрави резинӣ барои дав иҳота гардидааст, барои машқ ва қабули мусобиқаҳои риштаи варзиши сабук пешбинӣ мегардад", - омадааст дар хабарнома.
Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити варзишгоҳ бо ҳайати дастаи футболи “Ҳулбук”, ки ноҳияи Восеъро дар Чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои Лигаи олӣ намояндагӣ менамоянд, суҳбат карда, онҳоро ба дӯст доштани варзиш, рушд додани малакаи касбӣ ва муаррифии арзандаи Ватану миллат ҳидоят намуд.
© Foto / Пресс-служба президента Таджикистана
Бинои варзишгоҳ аз се ошёна, аз ҷумла аз ҳуҷраҳои корӣ, ивази либос, ҳамому дигар ҳуҷраҳои ёрирасон иборат мебошад.
Инчунин дар он толорҳои варзишӣ муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти муосири варзишӣ, ҷой барои меҳмонони фахрӣ, маҷлисгоҳ бо 40 ҷойи нишаст ва пешайвон омода гардидааст, ки ба талаботи муосир ҷавобгӯ мебошад.
Барои таъмини рӯшноӣ дар майдони футбол 4 манораи калони муосири равшанидиҳанда насб гардидааст. Ин имкон медиҳад, шабона ҳам мусобиқаҳо гузаронда шаванд.
Дар ҳудуди иншоот ду майдонча барои футболи хурд, волейбол ва баскетбол, таваққуфгоҳ барои мошинҳо, зеристоҳи барқӣ, чоҳи амудӣ барои бо об таъмин кардани варзишгоҳ ва дигар иншооти ёрирасон бунёд шудааст.
Ба истифода додани чунин иншооти муосир дар ноҳия барои рушди варзиш ва ташкили чорабиниҳои мухталифи солимгардонӣ имкониятҳои лозимаро фароҳам меорад.
Ҳоло дар доираи Барномаи давлатии рушди футболи Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026 дар вилояти Хатлон сохтмони 130 иншооти дигар идома дорад.