Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе шаҳраки нави саноатиро ифтитоҳ намуд

Мақомоти Тоҷикистон қайд намудааст, ки шаҳраки нави саноатӣ дар қисмати шимолии ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт бунёд гардидааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 20 окт — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар қисмати шимолии ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт шаҳраки нави саноатиро ифтитоҳ намуд.
Ба иттилои Хадамоти матбуоти раисҷумҳури кишвар роҳбари давлат дар ин ҷо ба фаъолияти 3 корхонаи калони саноатӣ бо зиёда аз 650 ҷойи корӣ оғоз бахшид.
Ҳамчунин дар ин ҷо раисҷумҳур ба бунёди 3 корхонаи дигари истеҳсолӣ санги асос гузошт.
Қайд карда шудааст, ки бо омода шудани се корхонаи дигар, ки санги асосашон ҳамакнун гузошта мешавад, шумораи коргарон дар ин шаҳрак ба зиёда аз 1100 кас хоҳад расид.
Таъкид бояд намуд, ки маоши коргарон аз 4500 то 12000 ҳазор сомонӣ аст.
Қайд карда шудааст, ки се корхона, ки дар шаҳраки нави саноатӣ ба кор дароварда шуд, бо харҷи қариб 800 миллион сомонӣ аз ҷониби соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ бо ворид намудани таҷҳизоту технологияи нави соҳа ва аз ҷиҳати экологӣ безарару бехатар бунёд ёфтаанд.
Раҳмон: Меҳргон инсонҳоро ба адолатхоҳӣ, баробарӣ ва меҳрубонӣ ҳидоят мекунад
Маблағи умумӣ барои ин се корхонаи фаъолгардида ва се корхонаи дигар, ки дар муҳлати кӯтоҳ сохта хоҳанд шуд, наздики 2 миллиард сомониро ташкил хоҳад дод.