Музди меҳнат дар вилояти Хатлон баланд шудааст

Мақомоти вилояти Хатлон мегӯяд, музди меҳнат дар ҳудуди вилоятафзоиш ёфтааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 19 окт — Sputnik. Музди миёнаи меҳнати кормандони соҳаҳо дар вилояти Хатлон ба 2170 сомонӣ баробар шудааст.
Ин нишондод нисбат ба соли гузашта 25% зиёд шудааст.
Дар ин бора, мақомоти вилояти Хатлон зимни ҷамъбасти нущмощаи сощащо гузориш додааст.
Дар баробари ин, дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ 66 ҳазор ҷойи нави корӣ таъсис дода шудааст. Аз ин шумора 60 ҳазор ҷой аз ҳисоби шахсони воқеӣ ташкил шудааст.
Ин дар ҳолест, ки маоши миёна дар Тоҷикистон ба ҳолати июни соли равон 2667 сомониро ташкил дод.
Ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта беш аз 24% ё қариби 520 сомонӣ зиёд мебошад.
Музди миёна аз рӯи минтақа чунин аст:
Душанбе — 3510,8 сомонӣ;
Вилояти Суғд — 2529,4 сомонӣ;
ВМКБ — 2333,7 сомонӣ;
Вилояти Хатлон — 2191,9 сомонӣ;
НТҶ (ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ) — 2282,8 сомонӣ.
Дар баробари ин маълум шуд, ки маош дар соҳаи маорифи Тоҷикистон нисбат ба тандурустӣ қариби 500 сомонӣ бештар мебошад.
Маош дар ВМКБ баланд шудааст
Маоши миёна дар соҳаҳои маориф 2442 сомонӣ, тандурустӣ ва хизматрасониҳои ичтимой 1952 сомонӣ, фарҳанг ва варзиш 2305 сомонӣ, мақомоти идоракунӣ, мудофиа ва суғуртаи ичтимой 2276 сомониро ташкил медиҳад, иттилоъ дод Вазорати меҳнат зимни нишасти матбуотӣ.