ДУШАНБЕ, 18 окт - Sputnik. Президенти ИМА Доналд Трамп гуфт, вақти он расидааст, ки Владимир Зеленский созиш бандад ва ба муноқиша бо Русия хотима диҳад.
"Ман ба ӯ гуфтам, чуноне, ки ба президент Путин сахт маслиҳат додам, вақти он расидааст, ки кушторро бас кунанд ва созиш намоянд!", - навиштааст ӯ дар шабакаи иҷтимоии Truth Social.
Раҳбари Кохи Сафед иддао дорад, ки ҳарду ҷониб худро ғолиб эълон хоҳанд кард, аммо ҳама чизро таърих ҳал мекунад.
Сиёсатмадор тавзеҳ дод, ки мулоқоти қарибулвуқӯи ӯ бо президент Владимир Путин дар Будапешт дуҷониба хоҳад буд ва раҳбари режими Киев дар он ҷо ҳузур нахоҳад дошт.
Трамп қайд кард, ки ӯ ба ҳалли бомуваффақияти буҳрони Украина итминон дорад, воқеаҳо "хеле хуб инкишоф меёбанд" ва бояд ҳалли дарозмуддати низоъ ба даст ояд.
Вай изҳор дошт, ки иҷоза додан ба истифодаи аслиҳаи амрикоӣ барои зарбаҳои дурбурд аз ҷониби нерӯҳои мусаллаҳи Украина, збоиси авҷ гирифтани авзоъ мешавад ва интиқоли "Томагавк" метавонад ба “оқибатҳои бад” оварда расонад.
Бино ба навиштаи Axios, раҳбари Кохи Сафед ба Зеленский фаҳмонд, ки ӯ нияти додани ин силоҳро надорад, ҳадди ақалл ин рӯзҳо.
Посух надод
Пас аз мулоқот бо Трамп, раҳбари режими Киев бо рӯзноманигорон сӯҳбат кард. Вай дар аввал бо онҳо ба забони украинӣ сӯҳбат кард, сипас ба инглисӣ гузашт ва гуфт фаромӯш кард, ки дар ИМА қарор дорад.
Зеленский ба саволҳо мухтасар ва нофаҳмо ҷавоб дод.
"Мо, албатта, дар бораи мушакҳои дурпарвоз ҳам гап задем ва ман дар ин бора ягон изҳорот додан намехоҳам. Мо қарор додем, ки дар ин бора сухан накунем, зеро <...> ИМА шиддати вазъро намехоҳад", - гуфт ӯ.
Ҳамзамон, ба гуфтаи раиси режими Киев, ӯ ва Трамп дар бораи кафолатҳои амнияти Украина низ гуфтугӯ кардаанд. Аммо Зеленский мушаххас накардааст, ки тарафҳо ба созиш расидаанд ё на.
Музокироти Путин ва Трамп
Рӯзи панҷшанбе Путин бо Трамп телефонӣ суҳбат кард. Ба гуфтаи ёвари президент Юрий Ушаков, онҳо ба буҳрони Украина таваҷҷӯҳи хоса зоҳир кардаанд.
Раҳбари Русия ҷонибдории худро ба қатъномаи дипломатӣ баён карда, вазъро муфассал арзёбӣ кардааст. Роҳбарон мулоқоти навро баррасӣ карданд, ки эҳтимол дар Будапешт баргузор шавад.
Ҳамчунин имкони интиқоли мушакҳои "Томагавк" ба Украина матраҳ шуд. Путин таъкид кард, ки ин силоҳҳо вазъро дар майдони набард тағйир нахоҳанд дод, балки ба равобити Маскав ва Вашингтон ба таври ҷиддӣ осеб мерасонад.
Трамп дар навбати худ хостори ҳар чӣ зудтари хатми низоъ шуд ва изҳор дошт, ки ин дурнамои бузурги ҳамкориҳои иқтисодии Русия ва Иёлоти Муттаҳидаро боз мекунад.