Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Наришкин дар бораи вокуниши Русия ба интиқоли "Томагавк" ба Украина гуфт

Наришкин гуфт, Русия интиқоли мушакҳои "Томагавк" ба Украинаро як иқдоми душманона медонад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 17 окт - Sputnik. Русия интиқоли эҳтимолии мушакҳои "Томагавк" ба Украинаро як иқдоми душманона медонад.
Дар ин бора, директори Хадамоти истихбороти хориҷии Русия Сергей Наришкин сухан гуфт.
"Агар ин чиз сурат мегирифт, Русия ин иқдомро, душманона қабул мекард. Ин иқдом - (шарҳ аз идора), хатарҳои амниятиро на танҳо дар Аврупо, балки дар саросари ҷаҳон низ ба таври қобили мулоҳиза афзоиш медиҳад", - гуфт Наришкин ба хабарнигорон дар пайи нишасти раҳбарони хадамоти иутишофии ИДМ дар Самарқанд.
Президенти ИМА Доналд Трамп қаблан эълом карда буд, ки дар мавриди интиқоли мушакҳои болдор ба Киев тақрибан тасмим гирифтааст, аммо ӯ мехост бифаҳмад, ки режими Киев аз онҳо чӣ гуна истифода карданист.
Гузашта аз ин, Вашингтон метавонад ба Киев аз 20 то 50 мушаки "Томахавк" ҷудо кунад.
Кремл дар посух гуфт, ки чунин иқдом метавонад авҷгирии ҷиддӣ бошад, зеро "Томагавк" қодир ба силоҳи ҳастаӣ аст.
Президенти Русия Владимир Путин таъкид кард, ки истифодаи Киев аз "Томагавк" ба равобити Русия ва Амрико халал мерасонад. Вай қайд кард, ки истифодаи ин мушакҳо дар Украина бидуни ширкати мустақими низомиёни амрикоӣ ғайриимкон аст.
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
FT: Мушакҳои "Томахавк" -ро дар Украина низомиёни ИМА идора хоҳад кард
Ёдовар мешавем, ки Русия 24 феврали соли 2022 амалиёти низомиро дар Украина оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли ҳашт сол аз сӯи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд”.
Ба гуфтаи ӯ, барои ноил шудан ба ин ҳадаф "ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина" ва ба ҷавобгарӣ кашидани тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс пешбинӣ шудааст. Дар посух кишварҳои ғарбӣ алайҳи Русия таҳримҳои густурда ҷорӣ карданд.