ДУШАНБЕ, 17 окт - Sputnik. Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода дар "Форуми сулҳи Фарғона" ширкат ва суханронӣ кард.
Дар кори форум дар баробари Аҳмадзода, ҳокими вилояти Фарғона Хайрулло Бозоров, раиси вилояти Ботканди Қирғизистон Айбек Шаменов ширкат карданд.
Раиси вилояти Суғд зимни суханронӣ таъкид кард, ки "Форуми сулҳи Фарғона” халқҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистонро боз ҳам наздиктар месозад.
"Ин минтақа садсолаҳо боз мардумони се кишварро бо таърих, фарҳанг, урфу одат ва арзишҳои муштарак мепайвандад. Имрӯз мо ин анъанаи қадимиро идома дода, дӯстӣ, бародарӣ ва ҳамсоядории некро ҳамчун асоси субот ва рушд арҷ мегузорем", – афзуд ӯ.
Аҳмадзода инчунин қайд намуд, ки саммити сеҷонибаи сарони давлатҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон, ки 31 марти соли 2025 дар шаҳри Хуҷанд баргузор шуд, рӯйдоди таърихие гардид.
"Форуми сулҳи Фарғона"
© Foto / Хадамоти матбуотии раиси вилояти Суғд
Ӯ қайд кард, ки пас аз боз шудани сарҳадҳо, ҳар рӯз ҳазорон шаҳрванд барои сайру саёҳат, дидорбинии дӯстону наздикон ва рушди тиҷорату ҳамкорӣ ба вилояти Суғд ва дигар минтақаҳои Тоҷикистон меоянд.
"Ин раванд нишонаи равшани эътимоду дӯстии халқҳои ҳамсоя мебошад", - гуфт Аҳмадзода.
Дар идомаи суханронӣ Раҷаб Аҳмадзода таъкид намуд, ки вилояти Суғд яке аз минтақаҳои рушдёфтаи Тоҷикистон буда, бо вилоятҳои Андиҷон, Намангон, Сирдарё, Тошканд ва дигар минтақаҳои Ӯзбекистон, инчунин бо вилояти Ботканди Қирғизистон ҳамкориҳои зич дорад.
Дар анҷом зикр гардид, ки "Форуми сулҳи Фарғона” имкониятҳои навро барои рушди ҳамкориҳо дар соҳаҳои саноати сабук, кишоварзӣ, чорводорӣ, илм, маориф ва сайёҳӣ фароҳам меорад.