ДУШАНБЕ, 15 окт — Sputnik. Тайи нимаи аввали соли ҷорӣ ба Душанбе 2,2 млрд доллар сармоя ҷалб шудааст.
Дар ин бора, муовини раиси шаҳр Бахтиёр Шарифӣ зимни суханронӣ дар Форуми сармоягузории Душанбе хабар дода, афзуд, ки шаҳрдории Душанбе дар ояндаи наздик ба сохтмони метро ҳавасманд мебошад.
Ӯ афзуд, ки бунёди роҳҳои ду ва сеқабата, ташкили минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва шаҳракҳои бузург аз нақшаҳои дигари шаҳрдорӣ мебошанд.
"Шаҳрдирӣ дар ояндаи наздик ба бунёди шаҳракҳои калон, хатҳои метро, роҳҳои дуқабата ва сеқабата ба стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ, корхонаҳои бузурги саноатӣ ва ташкили минтақаи озоди иқтисодӣ бо истифода аз технологияи рақамӣ, ҳавасмандӣ зоҳир менамояд", - гуфт Шарифӣ.
Дар давоми суҳбаташ муовини раиси шаҳр, ҳавасмандиамон даъват кард, ки дар самти амалисозии лоиаҳои афзалиятноки шаҳри Душанбе дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ, саноату энергетика, ҳифзи муҳити зист ва дигар самтҳо, ки ба беҳсозии инфросохтор, сармоягузорӣ намоянд.
Дар баробари ин, Шарифӣ қайд кард, ки пайдо ва муайян гардидани мушкилот ва роҳҳои ҳалли рушди иқтисодии рақамӣ, иқтисоди сабз ва рушди устувор дар дурнамои дуру наздик бояд дар мадди аввал қарор дода шавад.
Шарифӣ изҳори бловарӣ кард, ки иқдомҳои дар рафти ҷаласаи махсуси форуми имрӯза дар мавзӯи шаҳрҳои оянда, бехатар, сабз ва ҳушманд роҳандозишаванда ба рушди фаъолияти соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ мусоидат намуда санадҳои нави ҳамкорӣ дар соҳаҳои мухталиф ба имзо хоҳанд расид.
Ёдрас мешавем, ки аввалин андешаҳои марбут ба бунёди метро ба даврони шӯравӣ, ба аввалҳои солҳои 80-ум рост омадаанд. Баъдан, пас аз афзоиши босуръати шаҳр, аввалин лоиҳаҳои марбут ба ин намуди нақлиёт таҳия карда шуданд.
Аммо, он ҳанӯз ба маънои маъмулӣ метро набуд, балки трамвайҳои баландсуръат ба назар гирифта мешуданд.
Ба гуфтаи номзади илмҳои таърих Ғафур Шерматов, ин лоиҳа ба нақшаи генералии соли 1982 ворид шуда буд ва "бояд аз Гипрозем оғоз шуда, тавассути хиёбони Неъмат Қарабоев, дигараш аз корхонаи равған тавассути хиёбони имрӯзаи Саъдии Шерозӣ то кӯчаи Айнӣ ҳаракат кунанд. Мувофиқи лоиҳа трамвай зери замин ва баъзе ҷойҳо болои эстакадаҳо бояд ҳаракат мекард. "
Фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ ва ҷанги шаҳрвандӣ амалисозии ин гуна иқдомҳоро даҳсолаҳо ба таъхир андохт, аммо дар миёнаҳои солҳои 2010-ум, вақте афзоиши аҳолии Душанбе ва суръати баланди сохтмон бори возеҳ ба зерсохтори нақлиётии шаҳр эҷод кард, мақомот дубора масъаларо мавриди баррасӣ қарор дод.