Неъматулло Мирсаидов, коршиноси масоили сиёсӣ, дар суҳбат бо хабарнигори Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки сафари расмии президенти Русия Владимир Путин ба Душанбе ва баргузории нишасти сарони Иттиҳоди Давлатҳои Муштаракулманофеъ (ИДМ) бори дигар нишон дод, ки Тоҷикистон ҳарчанд кишвари кучак ҳам бошад, аммо эътибору нуфузи байналмиллиаш хеле бузург.
Вай таъкид кард, ки ИДМ баъди нишасти Душанбе аз нав зинда шуд.
“Президенти Русия сафари расмии худро ба Тоҷикистон бо мақсади баррасии бархе масъалаҳои ҷиддиву рӯзмара анҷом дод”, - гуфт коршинос.
Вай илова кард, ки Русия Тоҷикистонро на танҳо шарики стратегӣ мешуморад, балки чун такягоҳ дар Осиёи Марказӣ медонад.
“Фикр мекунам, ташаббуси Қазоқистон дар бораи "ИДМ +", пояҳои созмонро мустаҳкам хоҳад кард ва ба шикояти баъзе аъзоен, ки ИДМ-ро такрори дигар созмонҳост мегӯянд, хотима хоҳад гузошт”, - гуфт коршинос.
Неъматулло Мирсаидов боварӣ дорад, ки саҳифаи нав дар таърихи ИДМ маҳз дар пойтахти тоҷикон навишта шудааст.
Тафсилоти бештарро – дар видеои мо тамошо кунед.