ДУШАНБЕ, 12 окт — Sputnik. Дар нишасти Анкориҷ Русия омодагии худро ба гузаштҳо барои ноил шудан ба ҳалли мусолиматомези бӯҳрони Украина намоиш дод.
Дар ин бора, Юрий Ушаков ёвари президенти Русия дар мусоҳиба бо "Коммерсант" гуфтааст.
"Рости гап, мо дар он ҷо гузаштҳои муайян кардем. Президенти мо омода аст, ки ин корро анҷом диҳад. Ва аз паҳлӯи мусбӣ, Доналд Трамп низ, метавон гуфт, бисёр чизро дарк кардааст; вай мушкилотро дарк мекунад", - гуфт Ушаков.
Созишномаҳои дар Аляска ҳосилшуда аз ҷониби президентҳои Русия ва ИМА Владимир Путин ва Доналд Трамп асос барои ҳалли ин мушкилот мебошанд ва "потенсиал"-и Анкориҷ тамом нашудааст, гуфт ёвари президенти Русия.
"Созишҳое, ки миёни ду президент дар Аляска ба даст омадаанд, танҳо пояи тамоми тавофуқҳост! Мо то ҳол дигаре надорем", - гуфт Ушаков.
Ёвари раисиҷумҳури Русия қайд кард, ки то ҳол на ҷониби Русия ва на ҷониби Амрико изҳорот надодаанд, ки ин созишҳо кор намекунанд.
"Агар мо ба чизе, ки муҳокима кардем, ба он чизе, ки амрикоиҳо розӣ шуданд, ниол шавем, пас мо ба як ҳалли осоишта мерасем",- гуфт ӯ.
Рӯзи 15 август дар Аляска музокироти президентҳои Русия ва ИМА баргузор шуд. Кишвардорон дар пойгоҳи низомии Элмендорф-Ричардсон дар Анкориҷ мулоқот карданд. Президентҳо роҳҳои ҳалли муноқишаи Украинаро баррасӣ намуданд.
Ҳарду раҳбар ин мулоқотро мусбат арзёбӣ карданд. Раисиҷумҳури Русия дар пайи ин нишаст изҳор дошт, ки имкон дорад ба низоъ дар Украина хотима бахшад ва ба манфиати Русия ба ҳалли дарозмуддати ин қазия таъкид кард.
Ёдовар мешавем, ки Русия аз 24-уми феврали соли 2022 дар Украина амалиёти вижаи низомиро идома медиҳад.
Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, ҳадафи онро “ҳимояи мардуме, ки дар тӯли ҳашт сол аз сӯи режими Киев мавриди таҳқир ва наслкушӣ қарор гирифтаанд” унвон кард.
Ба гуфтаи вай, ҳадафи ниҳоии амалиёти вижаи низомӣ озодсозии Донбасс ва фароҳам овардани шароитест, ки амнияти худи Русияро кафолат медиҳад.