Сафари Владимир Путин ба Тоҷикистон

Ҳузури пойгоҳи 201-уми Русия барои Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ чӣ маъно дорад?

Ба гуфтаи коршинос, ҳузури пойгоҳи низомии Русия муҳимтарин кафолати амният дар марзҳои ҷанубии на танҳо Тоҷикистон, балки тамоми Осиёи Марказӣ аст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 12 окт — Sputnik. Русия ва Тоҷикистон қасд доранд, барои таҳкими амнияту субот дар минтақа, аз ҷумла бо истифода аз зарфиятҳои пурраи пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар бахшҳои низомӣ ва низомиву фаннӣ ҳамкории фаъол дошта бошанд.
Ба гуфтаи мудири бахши Осиёи Марказии Маркази пажӯҳишҳои пасошӯравии Пажӯҳишгоҳи иқтисоди ҷаҳонӣ ва равобити байналмилалии Академияи илмҳои Русия Станислав Притчин, ин аз асноди имзошуда дар ҷараёни сафари давлатии Владимир Путин ба Тоҷикистон равшан аст.
Притчин дар сӯҳбат бо хабарнигори Sputnik Тоҷикистон дар ин бора изҳори андеша кард.
Вай ёдовар шуд, ки то авоили солҳои 2000-ум пойгоҳи Русия дар Тоҷикистон як масъалаи калидӣ ва муҳими амнияти ин ҷумҳурӣ: ҳифзи марз бо Афғонистон, ки беш аз 1300 километр тӯл кашида, аз заминҳои кӯҳистонӣ мегузарад, бар ӯҳда дошт.
"Бо таваҷҷуҳ ба вазъи ниҳоят душвор дар Афғонистон дар солҳои 90-ум, аҳамияти пойгоҳи низомии Русия ва амнияти он дуруст буд. Якчанд ҳодисаҳои фоҷеаборе рух дод, ки танҳо ба шарофати ҷони марзбонони рус аз вуруди ҷангҷӯён ба Тоҷикистон ҷилавгирӣ шуд", - гуфт сиёсатшинос.
Аз авоили солҳои 2000-ум Тоҷикистон мустақилона марзи худро ҳифз мекунад, аммо вазъ дар Афғонистони ҳамсоя ноустувор боқӣ мондааст ва гурӯҳҳои тундрав дар инзиво кӯшиш мекунанд, ки аз имконот барои убури марз истифода кунанд.
Путин гуфт, пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон кафили амнияти Осиёи Марказӣ аст
Ба гуфтаи Притчин, аз ин рӯ, ҳузури як пойгоҳи бузурги низомӣ кафили муҳими амният дар марзҳои ҷанубии на танҳо Тоҷикистон, балки тамоми Осиёи Марказӣ буд.
Ба гуфтаи ӯ, дар шароити феълӣ ниёз ба чунин иншооти низомӣ дар минтақа боқӣ мемонад.
Вай ҳамчунин аз пойгоҳи ҳавоии Кант дар Қирғизистон ва баргузории машқҳои мунтазами низомӣ дар сурати таҳдидҳои низомӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ ёдовар шуд.
Русия ва Тоҷикистон саъй доранд самаранокии пойгоҳи 201-умро афзун кунанд
"Тааҷҷубовар нест, ки бархе аз созишномаҳои имзошуда (дар ҷараёни сафари давлатии президенти Русия ба Тоҷикистон – шарҳ аз идора) аз ҷумла ба ҳамкориҳо дар арсаи низомию техникӣ бахшида шуда буданд", - хулоса кард коршинос.
Тибқи иттилои расмӣ, Пойгоҳи низомии 201-и мустақар дар Тоҷикистон бузургтарин иншооти низомии Русия берун аз марзи ин кишвар аст. Пойгоҳи низомӣ дар ду шаҳр: Душанбе ва Бохтар ҷойгир аст.