ДУШАНБЕ, 12 окт — Sputnik. Давоми нуҳ моҳи соли ҷорӣ бонкҳо ва ташкилотҳои қарзии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба маблағи 253,2 млн сомонӣ қарзҳои хурд додаанд
Ин нишондод нисбат ба соли 2024 24,4 млн сомонӣ зиёд ё 111,6 фоизро ташкил медиҳад.
Дар ин бора, муовини раиси вилоят Мусо Одинамуҳаммад, зимни машварати ҷамъбастии нӯҳмоҳаи мақомоти вилоят гузориш дод.
Таҳлилҳо нишон медиҳаанд, ки талабот ба соҳаи саноат сол аз сол зиёд гардида, дар нуҳ моҳи ҳисоботӣ маблағи қарз ба соҳаи мазкур 23,9 млн сомониро ташкил додааст.
Ин нишондод, нисбати ҳамин давраи соли қаблӣ 21% афзоиш ёфтааст.
Ҷалби пасандоз, ки яке аз самтҳои асосии фаъолияти ташкилотҳои қарзӣ ба ҳисоб меравад, бақияи пасандозҳо дар умум 547,8 млн сомониро ташкил дода, зиёдшавии он нисбати ҳамин давраи соли 2024 ба 22% баробар шудааст.
Феълан дар ҳудуди ВМКБ татбиқи 13 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, энергетика, нақлиёт, хоҷагии манзилию коммуналӣ ва сайёҳӣ рафта истодааст.
Бино ба гузориши муовини раиси вилоят, дар доираи онҳо аз оғози амалишавии лоиҳа 2,4 млрд сомонӣ барои хариди мол, иҷрои кор ва хизматрасонӣ дар ҳудуди вилоят равона гардидааст.
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ва хизматрасонӣ дар нуҳмоҳаи соли 2025 232,1 млн. сомониро ташкил додааст, ки ин нисбати ҳамин давраи соли гузашта 21,3% ё ин ки 40 млн сомонӣ зиёдтар мебошад.
Дар маҷмӯъ дар соли 2025 дар ҳудуди вилоят сохтмон ва ба истифода додани 55 адад корхона ва коргоҳҳои истеҳсолӣ бо 938 ҷойҳои нави корӣ ба нақша гирифта шуда, дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ 50 адад корхона ва коргоҳ бо таъсиси 250 ҷойҳои нави корӣ мавриди истифодабарӣ қарор дода шуданд.
Корхонаҳои дӯзандагии вилоят ба миқдори 23185 дона либоси мактабӣ истеҳсол намуданд, ки ин нисбати ҳамин давраи соли гузашта 2577 дона ё 12,5% ва нисбати талаботи муайянгардида ба миқдори 3727 дона ё 19,1% зиёдтар мебошад.
Дар соҳаи сохтмон ҳаҷми сармояи асосӣ аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои сармоягузорӣ 1 млрд 027,1 млн сомониро ташкил дод, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 128 фоизро ташкил медиҳад.