Сафари Владимир Путин ба Тоҷикистон

Сафари Путин ва нишасти сарони ИДМ дар Душанбе бо чӣ хотирмон буд: Посухи коршинос - Видео

Сиёсатшинос дар суҳбат бо хабарнигори Sputnik Тоҷикистон натоиҷи чанд рӯйдоди муҳимеро, ки дар Душанбе рух дод, ҷамъбаст кард
Sputnik
Дар Душанбе нишасти Русия ва Осиёи Марказӣ, ҷаласаи вазирони умури хориҷаи ИДМ ва нишасти сарони кишварҳои ИДМ баргузор шуд.
Дар ин рӯзҳо президенти Русия Владимир Путин низ бо як сафари давлатӣ дар Тоҷикистон буд.
Дар чорабинӣ сарони кишварҳои Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Озарбойҷон Илҳом Алиев, Беларус Александр Лукашенко, Қирғизистон Содир Ҷабборов, Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев, Туркманистон, Сардор Бердимуҳамедов ва Узбекистон Шавкат Мирзиёев, инчунин сарвазири Арманистон Никол Пашинян ширкат доштанд.
Натоиҷи ин рӯйдодҳои муҳимро Sputnik Тоҷикистон якҷо бо мудири бахши Осиёи Марказии Маркази таҳқиқоти пасошӯравии Пажӯҳишгоҳи иқтисоди ҷаҳонӣ ва равобити байналмилалии Академияи илмҳои Русия Станислав Притчин, ҷамъбаст кард.
Коршинос ёдовар шуд, ки аз замони истиқлол Русия ва Тоҷикистон ҳамсоя ва шарикони муҳим буданд.
"Дар маҷмӯъ, муносиботи мо дар тӯли истиқлоли Тоҷикистони муосир, стратегӣ буданд, аз ин рӯ, имрӯз дар маҷмӯъ Осиёи Марказӣ барои Русия аҳамияти бештар пайдо мекунад. Тамаркузи ҳам сиёсат ва ҳам иқтисод ба Осиё ва ҷануб нигаронида шудааст ва мутаносибан, Осиёи Марказӣ дар ин ҷо мавқеи муҳимро ишғол мекунад, зеро аввалан, он ҳамсояи бузурги мост, дуюм, пули иртиботӣ бо шарикони калидии мо Покистон, Чин ва Ҳиндустон", - гуфт Притчин.
Ӯ ёдовар шуд, ки тамоми иртиботот тавассути Осиёи Марказӣ мегузарад ва мувофиқан аҳамияти минтақа ва аз ин рӯ Тоҷикистон ҳам меафзояд.
Изҳороти муштараки Путин ва Раҳмон: Матни пурра
Ҳуҷҷатҳои имзокардаи Путин ва Раҳмон ва изҳороти муштарак оид ба амиқсозии шарикӣ ва иттифоқҳои стратегӣ ин тамоюлҳои калидиро тасдиқ карданд.
"Ҳеҷ чиз ба таври куллӣ тағйир намеёбад, аммо вазъи кунунии корҳо таҳким меёбанд, ки мо дар ҳақиқат шарикони хеле муҳим барои ҳамдигар ҳастем", - гуфт ӯ.