ДУШАНБЕ, 11 окт — Sputnik. Ҷоизаи сулҳи Нобел ба раҳбари мухолифони Венесуэла ва узви собиқи парлумони ин кишвар Мария Корино Мачадо барандаи ҷоизаи сулҳи Нобел шуд.
Кумитаи Нобел дар Осло "кори ӯро барои пешбурди ҳуқуқҳои демократии мардуми Венесуэла" эътироф кард.
Пештар президенти ИМА Доналд Трамп довталаби асосии ҷоиза дониста мешуд.
Аммо расонаҳо қайд карданд, ки тасмимҳои ӯ дар бораи боздоштани фаъолияти Оҷонси рушди байналмилалии ИМА (USAID) ва ҷорӣ кардани боҷҳо ба кишварҳои дигар бар зидди ӯ кор хоҳанд кард.
Президенти Русия Владимир Путин дар шарҳи ин ҳодиса гуфт, ҳолатҳое буданд, ки Кумитаи ҷоизаи сулҳи Нобел ба афроде дод, ки чизе барои сулҳ накардаанд.
Бо чунин қарорҳо Кумита эътиборашро аз даст медиҳад, изҳор дошт раисҷумҳури Русия.
Дар бораи арзанда будан ё набудани Трамп ба ин ҷоиза, Путин қайд кард, ки президенти ИМА баҳри ҳалли буҳронҳои ҷаҳонӣ талош мекунад.
"Намедонам, Трамп арзандаи Нобел аст ё на, аммо вай воқеан барои ҳалли масъалаҳои мушкили байналмилалӣ кори зиёд мекунад. Мисол вазъ дар Ховари миёна мебошад, ки агар то охир расонад, ин ҳодисаи таърихӣ аст", - таъкид намуд президенти Русия.
Ба навиштаи рӯзномаи туркии Hürriyet, раиси Кохи Сафед барои дарёфти ин ҷоиза талош кардааст то 10 октябр дар навори Ғазза ба оташбас ноил шавад.
Соли гузашта ҷоизаи сулҳи Нобел ба як созмони ҷопонии наҷотёфтагони таркишҳои Хиросима ва Нагасакӣ дода шуд.