ДУШАНБЕ, 10 окт — Sputnik. Тоҷикистон дар соли раёсати худ дар Иттиҳод, дар ҳамкории зич бо кишварҳои иштирокдор ва Кумитаи иҷроия, фаъолияти фарогирро баҳри татбиқи самараноки ҳадафҳои пешбинишуда идома дод.
Дар ин бора, кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ дар оғози нишаст изҳор дошт.
Ӯ гуфт, фаъолияти Тоҷикистон ҳамчун кишвари раисикунандаи Иттиҳод ба ноил гардидан ба натиҷаҳои амалӣ дар рушди ҳамкорӣ дар доираи Созмон нигаронида шуда буд.
"Таваҷҷуҳи асосӣ ба такмили фаъолияти Созмон, тавсеаи ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, нақлиётиву логистикӣ, ҳамгироии рақамӣ, ҳамчунин таъмини суботи энергетикӣ ва пешбурди фаъолонаи ҳамкории башардӯстона равона гардид", - гуфт президенти Тоҷикистон.
Ҳамзамон, ба таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи амният ва муқовимат ба хатару таҳдидҳои муосир аҳамияти хоса дода шуд, афзуд Раҳмон.
Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, аҳамияти қабули қарорҳо оид ба ташаббуси “ИДМ плюс” ва додани мақоми нозир ба Созмони Ҳамкории Шанхай дар назди Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро таъкид карда, ин иқдомро ҳамчун қадами муҳим дар густариши робитаҳои байналмилалии Созмон арзёбӣ намуд.
"Таҳкими муколамаи фарҳангҳо ва густариши ҳамкории гуманитарӣ ба ҳифзу ғанигардонии мероси умумии фарҳангӣ ва таҳкими руҳи ҳамраъйӣ дар доираи Иттиҳод мусоидат менамояд", - таъкид кард кишвардор.
Раҳмон омодагии Тоҷикистонро барои идомаи фаъолонаи талошҳо баҳри тавсеаи ин самти ҳамёрӣ таъкид намуд.
Ҳамчунин, Раҳмон раисиҷумҳури Туркманистонро ба муносибати ба ӯҳда гирифтани раёсати минбаъда дар Иттиҳод табрик намуд.