Сафари Владимир Путин ба Тоҷикистон

Путин ба Раҳмон барои муносибати хосаш ба забони русӣ изҳори сипос кард

Путин ёдовар шуд, ки дар Тоҷикистон панҷ мактаби таҳсилоти умумӣ вуҷуд дорад, ки дар онҳо таълим ба забони русӣ сурат мегирад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 9 окт — Sputnik. Президенти Русия Владимир Путин ба кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои таваҷҷуҳаш ба забони русӣ дар ҷумҳурӣ изҳори сипос кард.
Раҳбари Русия дар ин бора дар мулоқоти як ба як бо ҳамтои тоҷикаш дар Қасри миллатҳо дар Душанбе изҳорот дод.
"Ман махсусан мехоҳам ба шумо барои чунин муносибати бодиққат ба фарҳанги русӣ ва забони русӣ изҳори сипос намоям. Мо якҷоя чанд мактаб боз кардем – панҷ, бовар дорам. Ҳама чиз дар сатҳи олӣ кор ва фаъолият мекунад", - гуфт Путин.
Раисиҷумҳури Русия ёдовар шуд, ки донишҷӯёни тоҷик дар донишгоҳҳои Русия таҳсил мекунанд ва дар Тоҷикистон филиалҳои муассисаҳои олии Русия низ боз шудаанд.
"Агар ягон масъалае ба миён ояд, мо ҳатман бояд онҳоро ба сатҳи шумо бирасонем ва ҳама чизро тавре ташкил кунем, ки барои рушди босуръати равобити Русияву Тоҷикистон дар ҳамаи ин самтҳои муҳим шароит фароҳам оварем", - афзуд Путин.
Эмомалӣ Раҳмон мардуми Тоҷикистонро ба омӯхтани ду забони хориҷӣ даъват кард
Президенти Русия Владимир Путин бо як сафари давлатӣ вориди Тоҷикистон шудааст.
Рӯзи 10 октябр дар Душанбе нишасти сарони кишварҳои узви ИДМ баргузор мешавад, ки дар он тасмимҳои муҳим дар мавриди тавсеъаи ҳамкориҳои кишварҳои узв қабул хоҳанд шуд.
Ҳамзамон дар ҳамин рӯзҳо мулоқоти сарони давлатҳо дар шакли "Осиёи Марказӣ-Русия" низ баргузор мешавад.