ДУШАНБЕ, 9 окт — Sputnik. Кишвардорони Русия ва Тоҷикистон Владимир Путин ва Эмомалӣ Раҳмон дар Душанбе гуфтугӯи як ба як анҷом доданд, гузориш медиҳад хабарнигори Sputnik Тоҷикистон.
Мулоқоти раҳбарон бо ҷаласаи васеъ идома меёбад.
Раҳбарони Русия ва Тоҷикистон доираи васеи масоили дуҷонибаро баррасӣ хоҳанд кард. Дар назар аст, ки тамоми бахшҳои ҳамкорӣ, аз ҷумла сиёсат, амният, тиҷорат, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва гуманитарӣ фаро гирифта шаванд.
Тавре ёвари президент Юрий Ушаков қайд кард, кишвардорон муносибатҳои Маскаву Душанбе ва рӯзномаҳои байналмилалӣ ва минтақавиро баррасӣ хоҳанд кард.
Путин рӯзи чаҳоршанбе бо сафари давлатии серӯза вориди Тоҷикистон шуд. Вай дар дувумин нишасти сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Русия ва ҷаласаи Шӯрои сарони кишварҳои ИДМ ширкат хоҳад кард.