ДУШАНБЕ, 9 окт — Sputnik. Музокироти Русия ва Тоҷикистон дар фазои корӣ ва созанда сурат гирифт.
Дар ин бора Владимир Путин, кишвардори Русия, дар нишасти хабарӣ дар пайи дидор бо ҳамтои тоҷикаш Эмомалӣ Раҳмон, изҳор дошт.
Путин ба президенти Тоҷикистон барои истиқболи самимӣ изҳори сипос кард.
Президенти Русия равобити Русия ва Тоҷикистонро дӯстӣ ва ҳампаймонӣ унвон кард. Ӯ таъкид намуд, ки кишварҳо аз рӯи мавзуъҳои байналхалқӣ мавқеи яксон доранд.
"Муҳокимаи масоили кунунии сиёсати хориҷӣ бори дигар ягонагии мавқеъҳои ду кишварро тасдиқ кард. Русия ва Тоҷикистон ба принсипҳои волоияти қонуни байналмилалӣ, соҳибихтиёрӣ ва дахолат накардан ба корҳои дохилӣ содиқанд", - гуфт Путин.
Тиҷорат ва сармоягузории Русия
Кишвардори Русия изҳор дошт, ки Русия бузургтарин шарики тиҷорати хориҷии Тоҷикистон ва яке аз сармоягузорони аслии кишвар аст.
"Соли гузашта гардиши мол беш аз 50% афзоиш ёфта, ба 1,5 млрд доллар расид ва афзоиш идома дорад... Кишвари мо дар қатори сармоягузорони пешрафтаи иқтисоди Тоҷикистон қарор дорад", - гуфт Путин.
Ӯ қайд кард, ки Русия ва Тоҷикистон дар тиҷорати мутақобила тақрибан пурра ба асъори миллӣ гузаштанд, ки ҳиссаи онҳо то охири соли 2024 аз 97% зиёд аст.
"Шаҳрвандони Русия ва Тоҷикистон метавонанд тавассути низоми пардохти фаврӣ интиқоли пули фаромарзӣ анҷом диҳанд. Кортҳои пардохтии русии МИР дар Тоҷикистон қабул мешаванд", - гуфт Путин дар маросими табодули созишномаҳо.
Гузашта аз ин, кишварҳо ният доранд, ки то соли 2030 ҳаҷми тиҷорати мутақобилаи худро 2,5 баробар афзоиш диҳанд.
Амният дар Осиёи Марказӣ
Русия дар нигоҳдории амният дар қаламрави Осиёи Марказӣ саҳми назаррас дорад, изщор дошт Путин.
Пойгоҳи 201-уми низомии Русия, ки дар Тоҷикистон мустақар аст, кафили амнияти Осиёи Марказӣ аст, гуфт кишвардори Русия.
Гузашта аз ин, Маскав ва Душанбе ҳамкориҳои дифоъӣ, низомию техникӣ, зиддитеррористӣ ва мубориза бо маводи мухаддирро фаъолона инкишоф медиҳанд.
Муҳоҷират
Путин зимни нишасти хабарӣ ёдовар шуд, ки беш аз 1 млн шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия кору зиндагӣ мекунанд.
"Онҳо дар бахшҳои мухталиф, бахусус дар бахшҳои босуръат рушдёбанда, аз қабили сохтмон, манзилу коммуналӣ, нақлиёт ва логистика, кор мекунанд ва дар рушди иқтисоди Русия саҳми арзанда доранд", - гуфт Путин.
Вай зикр кард, ки мақомоти Русия талош доранд, барои шаҳрвандони тоҷик дар Русия шароити муносиби кориро фароҳам созанд.
Маблағи ирсолии шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Русия кор мекунанд, ба хонаводаҳои онҳо ва дар маҷмӯъ ба иқтисоди ҷумҳурӣ кумаки ҷиддӣ мерасонад.
Ҳамкории Русия ва Тоҷикистон
Путин инчунин дурнамои ҳамкориҳои ду кишварро дар соҳаи энержии ҳастаӣ мебинад.
"Корпоратсияи давлатии "Росатом" барои ҳамкорӣ боз аст ва дорои салоҳиятҳои беназире мебошад, ки дар ҷаҳон назир надорад", - гуфт сарвари давлати Русия.
Вай афзуд, аз ҷумла сохтмони реакторҳои хурди модулӣ. Русия ва Тоҷикистон тарҳҳои бузурги муштараки саноатиро амалӣ мекунанд. Хусусан, бо саъю кӯшиши муштарак дар ҷумҳурӣ кластери саноати сабук аз пахтакорӣ то истеҳсоли дӯзандагии тайёр таъсис дода мешавад.
Путин ҳамчунин ёдовар шуд, ки корҳои фаъол дар бунёди парки саноатии Русияву Тоҷикистон дар Душанбе идома доранд.
Русия ҳамчунин ба Тоҷикистон дар барқарорсозии манотиқи осебдида аз истихроҷи маъдан ва уран кумак мекунад.
Кишвардори Русия таъкид кард, ки Русия қариб пурра ниёзи Тоҷикистонро ба нафт мепӯшонад.
"Кишвари мо ба ҷумҳурӣ ҳаҷми назарраси нафту маҳсулоти нафтӣ ворид мекунад. Гузашта аз ин, интиқоли нерӯи барқ дар асоси имтиёз, бидуни боҷи гумрукии содиротӣ сурат мегирад", - гуфт Путин дар пайи музокироти Русияву Тоҷикистон.
Русия ҳамчунин ба Тоҷикистон дар рушди бахши гидроэнергетика кумак мекунад.
"НБО-и Сангтӯда, ки бо ширкати мо сохта шудааст, 12% -и масрафи нерӯи барқи ҷумҳуриро тавлид мекунад. Ширкатҳои Русия омодаанд, ки минбаъд низ дар истифода ва таҷдиди иқтидори мавҷудаи тавлиди нерӯи барқи Тоҷикистон кумак кунанд ва дар баробари пешниҳоди фанновариҳои пешрафта, ки ба меъёрҳои навтарини бехатарӣ ва муҳити зист ҷавобгӯ ҳастанд", - гуфт раисиҷумҳури Русия.
Фарҳанг ва маориф
Путин гуфт, Русия ва Тоҷикистон лоиҳаи муштараки таълими мактабӣ бо забони русиро бомуваффақият амалӣ мекунанд.
Дар панҷ мактаби русӣ дар Душанбе ва дигар шаҳрҳо ҳудуди 5700 донишҷӯ тибқи барномаҳо ва стандартҳои таълимии Русия таҳсил мекунанд.
Соли гузашта дар чорчӯби иқдоми “Муаллими рус дар хориҷа” беш аз 100 омӯзгор аз Русия ба Тоҷикистон барои тадрис фиристода шуда буданд.
Дар донишгоҳҳои Русия, филиалҳои онҳо дар ҷумҳурӣ ва дар Донишгоҳи Русияву Тоҷикистон (славянӣ) ҳудуди 35 ҳазор донишҷӯ таҳсил менамоянд.
Афзун бар ин, барои эҳтиёҷоти ҷумҳурӣ дар байни кишварҳои ИДМ яке аз бештарин квотаҳо ҷудо карда шудааст: 1000 стипендияи давлатӣ барои донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ.
Бо мусоидати Русия дар Душанбе сохтмони маркази байналмилалии таълимии кӯдакони лаёқатманд ва бинои нави Театри давлатии драмавии русии ба номи Владимир Маяковский идома дорад.
"Мо интизор дорем, ки ин иншооти фарҳангӣ то соли 2027 мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳанд гирифт", - гуфт Путин.
Дар охир президенти Русия ба раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои ширкаташ дар таҷлили ҷашни 80-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ки рӯзи 9 май дар Маскав баргузор шуд, изҳори сипос кард.