Дар “Хонаи русӣ”-и Душанбе намоишгоҳи “Русия ва ҷаҳон” идома дорад – видео

Ин чорабинӣ бо дастгирии Вазорати маориф ва илми Русия ва намояндагии Россотрудничество дар Тоҷикистон баргузор шудааст.
Sputnik
Дар “Хонаи русӣ”-и дар пойтахти Точикистон бахшида ба комёбиҳои маърифат, илм ва соҳаҳои дигари Русия намоишгоҳ ифтитоҳ шуд. Ба гуфтаи ташкилкунандагони намоишгоҳ, ин дар ҷумҳурӣ барои аввалин бор гузаронида мешавад.
Дар намоишгоҳ комёбиҳои ва саҳми олимон, ихтироъкорон, нависандагон, коргардонҳо, варзишгарони рус ва Шӯравӣ дар инкишофи тамаддуни ҷахонӣ намоиш дода шудааст.
Кишвардорони Русия ва Тоҷикистон дурнамои равобити ду кишварро баррасӣ карданд
"Дар намоишгоҳ бахши вижае роҷеъ ба дастовардҳо ва ҳамкориҳои Русия ва Тоҷикистон дар арсаи маориф ҷой дода шудааст. Аз ҷумла ифтитоҳи мактабҳои нав, эҳдо кардани адабиёти таълимӣ ва дастгирии ҷавонони боистеъдод", - гуфт Андрей Патрушев, мудири “Хонаи Русӣ”-и дар Душанбе.
Ба гуфтаи ӯ, коршиносон аз Русия ба намоишгоҳ як низоми хоси касбомӯзиро барои мактаббачагон овардаанд.
Ширкатҳои Маскав содироти маҳсулотро ба Тоҷиткистон беш аз чор баробар афзоиш доданд
Ин ба хонандагони синфҳои болоии Тоҷикистон имкон медиҳад, ки касби ояндаи худро интихоб намоянд.