ДУШАНБЕ, 6 окт — Sputnik. Ягона медали тилоро дар Бозиҳои III кишварҳои ИДМ Беҳрӯз Умаров 5-уми октябр дар риштаи бокс ба даст овард.
Вай дар сабқати ниҳоӣ ё финал бар Азизбек Шокирҷонов аз Узбекистон пирӯз шуд.
Ёёдовар мешавем, ки ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои III кишварҳои ИДМ 142 варзишгар дохил шудаанд, ки дар 18 намуд ширкат меварзанд.
Бояд айд кард, ки варзишгарони тоҷик то имрӯз дар Бозиҳои ИДМ, ки дар Озарбойҷон мегузарад бо гирифтани 18 медал аз ҷумла 1 тило, 3 нуқра ва 14 биринҷӣ даст ёфтаанд.
Ба иттилои сомонаи расмии Бозиҳои III кишварҳои ИДМ, то ҳоло дар ҳисоби медалҳо Русия бо касби 194 медал дар ҷойи аввал аст.
Озарбойҷон бо касби 161 медал дар ҷойи дуюм ва Беларус бо касби 101 медал дар ҷойи сеюм қарор гирифтаанд.
Тоҷикистон бо касби 18 медал (1 тило, 3 нуқра ва 14 биринҷӣ) дар ҷойи ҳафтум мебошанд.