Намоишгоҳи байналмилалии сохтмони TajBuild 2025 дар Маркази намоишгоҳи Экспо дар Душанбе баргузор шуд.
Дар ин намоишгоҳ, намояндагони ширкатҳои бонуфузи саноати сохтмон, меъморӣ, тарҳрезӣ ва масолеҳи сохтмонӣ хидматҳои худро муаррифӣ карданд, хабар медиҳад мухбири Sputnik Тоҷикистон.
Дар намоишгоҳ ширкатҳо аз Русия, Эрон, Чин, Туркия, Узбекистон ва Тоҷикистон ширкат доштанд.
"Талабот ба масолеҳи баландсифати сохтмонӣ рӯз то рӯз меафзояд. Мо талош дорем, ки мавод ва технологияҳои навро ба бозори Тоҷикистон ворид кунем", - гуфт директори ширкати TajBuild Алиҷон Қодиров.
Ҳадафи аслии намоишгоҳ таҳкими ҳамкориҳои тиҷоратии маҳаллӣ ва байналмилалӣ, ҷорӣ намудани маҳсулот ва технологияҳои муосир ва ҷалби сармоя ба бозори Тоҷикистон мебошад.