Путин дар бораи лағви раводид бо Чин, буҳрони Ғазза, пешравиҳои БРИКС ва яроқи ҳастаӣ гуфт

Президенти Русия зимнм суханронӣ дар ҳамоиши "Валдай" ба масъалаҳои муҳими сатҳи ҷаҳонӣ дахл кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 3 окт — Sputnik. Кишвардори Русия Владимир Путин дар ҳамоиши "Валдай" чор соат суҳбат кард.
Ӯ зимни зимнм суханронии худ ба масъалаҳои муҳими сатҳи ҷаҳонӣ, аз ҷумла истифодаи яроқи ҳастаӣ, ҳалли буҳрони Ғазза ва лағви раводид бо Чин сухан гуфт.
Президент гуфт, тасмими Русия дар бораи сафари бидуни раводид барои сайёҳони чинӣ ба зудӣ эълон хоҳад шуд.
"Қарори Чин дар бораи лағви раводид барои русиягиҳо як рӯйдоди ғайричашмдошти гуворо буд", - афзуд президенти Русия.
Путин гуфт, Маскав медонад, ки баъзе мамлакатҳо ба озмоишҳои ярокқи ҳастаӣ омодагӣ доранд.
"Агар онҳо ин корро кунанд, Русия низ ҳамин тавр мекунад", - таъкид кард Путин.
Ба гуфтаи президент, Русия метавонад пас аз "Орешник" системаҳои нави фаросадоии силоҳро таҳия кунад ва кор дар ин самт давом дорад.
"Агар ба ИМА эҳтиёҷ ба тамдиди Шартномаи нави ДСНВ надошта бошад, пас Русия ҳам надорад", - гуфт президент.
Дар баробари ин Путин таъвид кард, ки Русия аслиҳаи ҳастаии тактикиро дар хориҷи кишвар ба ҷуз аз Беларус ҷойгир намекунад.
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Фоҷиаи Украина - дарди ҳама: Изҳороти калидии Путин дар бораи буҳрони Украина
Бино ба гузориши президенти Русия, БРИКС барои тавсеаи имкониятҳои пардохтҳои электронӣ ва савдо кор хоҳад кард.
"Дар ҳоли ҳозир, БРИКС 40%-и ММД-и ҷаҳониро ташкил медиҳад, дар ҳоле ки ба кишварҳои Иттиҳоди Аврупо 23% рост меояд", - иттилоъ дод Путин.
Дар мавзуъи ҳалли буҳрони Ғазза Путин гуфт, Русия омода аст нақшаи Трампро дар Ғазза дастгирӣ кунад, агар он боиси ҳалли низоъ шавад.