ДУШАНБЕ, 2 окт — Sputnik. Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон Шералӣ Кабир бо муовини мудири кулли Корпоратсияи давлатии “Росатом”-и Русия Николай Спасскийро мулоқот кардааст.
Дар ин бора, хадамоти матбуотии Вазорати саноати Тоҷикистон гузориш додааст.
Гуфта мешавад, ки зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои муҳими ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаро дар асоси мувофиқаҳои ҳосилшуда миёни кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва президенти Русия Владимир Путин баррасӣ намудаанд.
"Ҷонибҳо идомаи ҳамкориро дар самти солимгардонии ҳудудҳои аз истеҳсолоти уран зарардида, истифодаи сулҳҷӯёнаи технологияҳои ядроӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муҳим дар соҳаи тандурустӣ мавриди муҳокима қарор доданд", - омадааст дар хабарнома.
Ёдрас мешавем, ки ширкати "Росатом" барои безараргардонии иншоотҳои ураниуми Тоҷикистон пажӯҳишҳои радиатсионӣ оғоз кардааст.
Ин корхона ният дорад мавзеи Табошар дар Истиқлол ва партовгоҳ дар деҳаи Адрасмонро поксозӣ намояд.
Мутахассисон аллакай тадқиқоти муҳандисию радиатсионӣ гузаронда, санадҳои лоиҳавиро омода доранд.
Ин корхона ният дорад мавзеи Табошар дар Истиқлол ва партовгоҳ дар деҳаи Адрасмонро поксозӣ намояд.
Мутахассисон аллакай тадқиқоти муҳандисию радиатсионӣ гузаронда, санадҳои лоиҳавиро омода доранд.