Дар Тоҷикистон то соли 2028 миллионҳо талаба ба дарсҳои зеҳни сунъӣ фаро гирифта мешаванд

Дар Душанбе ворид намудани зеҳни сунъӣ ба барномаҳои асосии таълимӣ дар мактабҳои миёна муаррифӣ мешавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 1 окт — Sputnik. Муаррифии барнома Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ, ки 25 октябри соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад, сурат мегирад.
Тавре вазорати саноат ва технолдогияҳои нави Тоҷикистон хабар додааст, яке аз мавзӯъҳои калидии баррасишаванда дар ин конфронс масъалаи омодасозии кадрҳо мегардад.
Ба гуфтаи ин манбаъ, дар конфронс ташаббуси ворид намудани зеҳни сунъӣ ба барномаҳои асосии таълимӣ дар мактабҳои миёна муаррифӣ мешавад, ки дар паёмади он то соли 2028 беш аз 4 000 мактаб ва 2 миллион хонандаро фаро хоҳад гирифт.
Қайд карда шудааст, ки конфронси “AI Conf 2025” инчунин ба майдони имзои созишномаҳои стратегии ҳамкорӣ бо ширкатҳои байналмилалӣ ва марказҳои илмӣ табдил хоҳад ёфт.
Дар макотиби Душанбе дарси зеҳни сунъӣ роҳандозӣ мешавад
Дар доираи ҳамоиш лоиҳаҳои нав муаррифӣ хоҳад шуд.
Ҳамзамон, дар конфронс минтақаи экспозитсионӣ ифтитоҳ мегардад, ки стартапҳо ва гурӯҳҳои илмӣ корҳои худро намоиш медиҳанд.
Ташкилкунандагони конфронс аз нақши фаъоли рӯзафзуни Тоҷикистон дар экосистемаи ҷаҳонии зеҳни сунъӣ таъкид мекунанд.
“Тоҷикистон босуръати баланд инфрасохторро рушд дода, экосистемаи истеъдодҳоро ташаккул ва ба татбиқи технологияҳои экологӣ тавассути истифодаи манбаъҳои барқароршаванда машғул гардидааст. Ин иқдомҳо дурнамои навро барои рушди илм, тиҷорат ва ҳамкориҳои байналмилалӣ ба миён меоранд”, - қайд кардааст манбаъ.
Қайд карда шудаст, ки ин ҳамоиш бо ибтикори Ҳукумати Тоҷикистон ва ташаббусҳои Шӯрои зеҳни сунъӣ назди Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон, инчунин ширкатҳои ватании zypl.ai ва Area AI ташкил мешавад.
Дар конфронс намояндагони ҳукумат, ширкатҳои бонуфузи соҳаи технологияҳои нав ва зеҳни сунъӣ, марказҳои тадқиқотӣ, илмӣ, стартапҳо ва сармоягузорони венчурӣ иштирок хоҳанд кард.
Кабир: Тоҷикистон барои пешрафти зеҳни сунъӣ бо ширкатҳои Nvidia, OpenAI ҳамкорӣ дорад
Қайд карда шудааст, ки чорабинӣ ба як минбари муҳим барои баррасии стратегияҳои рушди зеҳни сунъӣ, муаррифии ташаббусҳои миллӣ ва густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ табдил хоҳад ёфт.
Дар рафти Конфронс лоиҳаҳои калидии миллӣ дар соҳаи AI аз ҷумла SoroLLM — модели забонии миллӣ бо 27 миллиард параметр, Area AI — нахустин AI Free Zone ва darya.ai — кластери ҳисоббарории экологии зеҳни сунъӣ муаррифӣ мешаванд.
Дар қатори сухангӯён — Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода, Вазири саноат ва технологияҳои нав, муассис ва роҳбари zypl.ai, инчунин коршиносону меҳмонони хориҷӣ ҳузур хоҳанд дошт.