Толибон*: Ҳич гурӯҳи мусаллаҳ дар Афғонистон фаъолият намекунад

Намояндаи ҳукумати Толибон* нигаронии кишварҳои минтақа аз ҳузури гуруҳҳои террористӣ дар Афғонистонро қатъиян рад кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 30 сен— Sputnik. Ҳамидуллоҳ Фитрат, муовини сухангӯии ҳукумати Толибон* иддао кард, ки ҳеҷ гуруҳи мусаллаҳе дар Афғонистон фаъолият намекунад.
Оқои Фитрат бо ишора ба нишаст чаҳорҷонибаи кишварҳои ҳамсояи Афғонистон дар ҳошияи маҷмаъи умумии СММ ибрози нигаронии онон аз ҳузури гуруҳҳои террористӣ дар Афғонистон тасреҳ кард.
“Толибон* масъулияти таъмини амнияти Афғонистонро бар уҳда дорад ва иқдомоти лозимро дар ин замина анҷом додааст”, - гуфт ӯ.
Муовини сухангуии Толибон* таъкид кард, ки ҳукумати феълӣ ба ҳеҷ касе иҷоза намедиҳам аз хоки Афғонистони алайҳи кишварҳои дигар истифода кунад.
Толибон* аз мавқеи Тоҷикистон дар қиболи Афғонистон дар СММ истиқбол карданд
Вазирони хориҷаи Русия, Эрон, Чин ва Покистон дар ҳошия нишаст Маҷмаъи умумии СММ дар баёнияе дар бораи ҳузури гуруҳҳоӣ монанди ДОИШ**, Алқоъида**, Таҳрики Толибони Покистон**, ва ғайра иброз нигаронӣ карданд.
Намояндагони ин кишвар фаъолияти ин гуруҳҳоро таҳдиде барои сулҳу сабот дар минтақа хонданд.
*-гурӯҳ барои амалиётҳои террористиаш таҳти таҳримҳои СММ қарор дорад.
**-гурӯҳҳои террористии мамнӯъ дар Русия ва Тоҷикистон.