Вазорати дифои Русия наворҳои зарбаҳои паҳподҳои интиҳории гурӯҳи “Феникс”-ро дар амалиёт вижаи низомӣ нашр кард.
Тавре вазорати дифои Русия қайд кардааст, ки паҳподҳои интиҳории артиши Русия ҳар рӯз техникаи ҷангӣ ва ҳайати шахсии воҳидҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Украинаро дар минтақаи амалиёти вижа нобуд мекунанд.
Дар наворе, ки Вазорати дифои Русия нашр кардааст, дида мешавад, ки сарбозони рус чӣ гуна дар амалиёти вижа аз паҳподҳои интиҳорӣ истифода мекунанд.
Дар видеои нашршуда дида мешавад, ки сарбози рус паҳподро чӣ гуна идора мекунад ва ба ҳадаф дақиқи зарба мезанад.
Тавре сарбозони Русия мегӯянд, онҳо вазифаҳои худро иҷро намуда корро то охир ба анҷом мерасонанд.
Вазорати дифои Русия афзуд, ки низомиёни баталёни Финикси, ҳамарӯза бо истифода аз паҳподҳои интиҳорӣ ба мавқъҳои душман зарба зада таъминоти артиши Украинаро бо силоҳ, муҳимот, сӯзишворӣ ва ғизо мушкил мекунад.
Бо истифода аз дронҳо, сарбозон вазифаҳои гуногунро иҷро мекунанд.