ДУШАНБЕ, 28 сен — Sputnik. Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода аз мактаби русӣ-тоҷикии ба номи А.П.Чехов дар шаҳри Хуҷанд дидан кард.
Дар ин бора, хадамоти матбуотии раиси вилоят гузориш додааст.
Гуфта мешавад, ки дар ҷараёни боздид Аҳмадзода бо раванди таълим дар мактаб шинос шуд, аз синфхонаҳо, ҳавзи шиноварӣ, ошхона, китобхона, парки технологии "Кванториум", инчунин толори варзишӣ ва толори маҷлис дидан намудааст.
Раиси вилояти Суғд зимни мулоқот бо донишҷӯён таъкид дошт, ки бо талошҳои пайвастаи роҳбари Русия Владимир Путин ва президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон шарикии стратегии кишварҳо ба сатҳи сифатан нав баромад.
Аҳмадзода дар пайи боздидаш аз мактаби русӣ-тоҷикии ба номи Чехов дастур дод, ки миёни муассисаҳои таълимии вилояти Суғд ҳамкорӣ ва табодули таҷриба роҳандозӣ шавад.