ДУШАНБЕ, 24 сен — Sputnik. Дар Тоҷикистон аз 1 то 31 октябри соли 2025 маъракаи иммунизатсияи оммавӣ алайҳи вируси папилломаи одам гузаронида мешавад.
Қарори Ҳукумат "Дар бораи гузаронидани чорабинии иммунизатсионии оммавӣ бар зидди вируси папилломаи одам дар Тоҷикистон" 24 июли соли 2025 тасдиқ шудааст.
Ваксина дар доираи иммунизатсияи нақшавӣ ба духтарони 10-сола ва дар соли аввали вориднамоии иммунизатсия ба тақвими миллӣ ба духтарони 11-14 сола тавсия дода мешавад.
Вазорат сабаби фарогирии ин синну солро, самарабахш будан ва таъмини ҷавоби иммунии қавӣ мегӯяд.
Дар ин бора, зимни конфронси миллӣ оид ба воридкунии ваксина бар зидди вируси папилломаи одам дар Вазорати тандурустӣ иттилоъ дода шудааст.
Ин ҳамоиш бо мақсади омодагӣ ба маъракаи ваксинатсия бар зидди папилломаи одам дар Тоҷикистон ва табодули таҷриба бо мутахассисони хориҷӣ гузаронида шудааст
Масъулини вазорати тандурурстии кишвар қайд намуданд, ки ин вирус омили асосии пайдоиши саратони гарданаки бачадон буда, ин бемории саратонӣ дар Тоҷикистон дар байни бемориҳои саратонии занондар ҷои дуюм меистад.
Барои баланд бардоштани сатҳи дониши мутахассисони соҳаи тандурустӣ ва маориф вобаста ба самаранокии ваксина, воридкунии он ба Тақвими миллии иммунизатсия, инчунин баргузории иммунизатсия миёни гурӯҳҳои мақсадноки аҳолӣ чорабиниҳо ба роҳ монда шудаанд.
Вазорати тандурустии Тоҷикистон барои ворид намудани ин иммунизатсия ба тақвим чанд сол боз талош кард ва инак имконияти таъмин намудани дастрасии занон ба ин ваксина фароҳам гардидааст