Раҳмон бо мудири Бонки Ҷаҳонӣ сармоягузории бахши энержиро баррасӣ кард

Ҳамчунин, ҷонибҳо татбиқи Лоиҳаи Стратегияи нави ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ барои панҷ соли ояндро баррасӣ кардаанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 24 сен — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ню-Йорк бо мудири идории Бонки ҷаҳонӣ хонум Анна Бйерде мулоқот кардааст.
Дар ин бора, хадамоти матбуотии раиисҷумҳури Тоҷикистон хабар медиҳад.
Гуфта мешавад, ки дар вохӯрӣ раванди ҳамкории Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шудааст.
Эмомалӣ Раҳмон Бонки ҷаҳониро яке аз шарикони асосии рушди Тоҷикистон номида, ба роҳбарияти он барои ҳамкории судманд изҳори сипос намудааст.
"Ба рушди ҳамкорӣ дар бахши гидроэнергетика ва маблағгузории лоиҳаҳои ин соҳа таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид", - омадааст дар хабарнома.
Раисиҷумҳур бо мудири бонк атрофи рушди босуботи соҳаҳои гуногуни иқтисоди миллии Тоҷикистон низ суҳбат кардааст.
Ҷонибҳо аз ҷумла рушди соҳаҳои саноат, кишоварзӣ, инфрасохтору коммуникатсия, рақамикунонӣ, маориф, бахши хусусӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ, инчунин, беҳбуди вазъи иҷтимоии аҳолиро баррасӣ кардаанд.
Бонки ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон тавсия додааст, ки раванди муҳоҷирати меҳнатиро коҳиш диҳад
Татбиқи босамари Лоиҳаи сиёсати дастгирии рушд ва таҳияи Стратегияи нави ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ барои панҷ соли минбаъда аз мавзуъҳои дигари суҳбат будааст.
Мусоҳибон ҳамчунин, атрофи пайомадҳои тағйирёбии иқлим ва авзои мураккаби минтақа ва ҷаҳон, ки ба татбиқи нақшаҳо ва дурнамои рушд таъсири манфӣ мерасонад, андешаронӣ намудаанд.