ДУШАНБЕ, 22 сен — Sputnik. Дар моҳҳои январ – августи соли равон аз рўи маълумотҳои омори ҷорӣ 19 ҳазору 419 ҳодисаи ба бемориҳои сирояткунанда гирифтор шудани аҳолӣ ба қайд гирифта шудааст.
Дар ин бора Агентии омори Тоҷикистон дар истинод ба маълумотҳои ахири Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ хабар додааст.
Ба иттилои ҳамин манбаъ, ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 22,7% зиёд аст.
Қайд карда шудааст, ки ба ҳиссаи гепатитҳои шадиди вирусӣ 11,1% бемориҳо рост омада, бемориҳои сирояткунандаи шадиди рўда 45,2% шумораи умумии бемориҳои сирояткунандаро ташкил додааст.
Ёдовар мешавем, ки қаблан вазири тӣандурустӣ ва ҳифзи аҳолии Тоҷикистон дар нишасти матбуотӣ қайд карда буд, ки дар нимсолаи аввали соли 2025 бемориҳои сироятӣ дар Тоҷикистон коҳиш ёфтааст.
Ӯ зикр кард, ба пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ бештар шудани корҳои фаҳмондадиҳӣ аз тарафи кормандони соҳаи тандурустӣ ва кормандони марказҳои ташаккули тарзи ҳаёти солим кӯмак кард.