ДУШАНБЕ, 22 сен — Sputnik. Дар қалъаи Бибихонуми шаҳри Бохтар миқдори зиёди бозёфтҳои давраҳои таърихӣ кашф карда шудааст.
Ҳамчунин дар паи ҳафриёт намунаҳои маҳсулоти ғалладонагӣ низ бозёфт шудааст.
Кашфиёти нав ҳангоми гузаронидани корҳои ҳафриётӣ аз ҷониби Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Тоҷикистон кашф шудааст.
Ин ёдгориҳо бо ҷалби донишҷӯёни бахши таърихи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав зимни таҷрибаомӯзӣ кашф карда шуданд, хабар медиҳад АМИТ "Ховар".
Гуфта мешавад, ки таҳқиқу омӯзиши бозёфтҳои бостоншиносӣ, хусусан ғалладонагӣ барои пешрафти соҳаи хоҷагии мамлакат аҳамияти муҳими соҳавӣ дорад.
Ёдрас мешавем, ки пештар дар паи кошинҳои археологӣ дар ин ҷо бозёфтҳои нодири ду сиккаи давраи Темуриён ва кӯзаҳои шикаста ва сафолӣ ёфт шуданд.
Ногуфта намонад, ки Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми сафари корӣ ба навоҳии Ховалинг ва Балҷувон барои омода намудани мутахассисони самти ҳифзи мероси миллӣ дар ёдгории бостонии қалъаи Бибихонуми шаҳри Бохтар корҳои ҳафриётӣ оғоз намуд.