ДУШАНБЕ, 21 сен — Sputnik. Фаррух Ҳасанов Тоҷикистонро дар Озмуни байналмилалии мусиқии "Интервидение" хуб намояндагӣ кард.
Овозхони тоҷик дар ин озмун мақоми панҷумро аз худ намуд. Ҳакамон ба ӯ 344 хол доданд. Вай суруди эҷоди худӣ - "Фурӯзон бош!"-ро иҷро кард. Ҳасанов ин сурудро на ба забони модарӣ, балки ба забони русӣ сароид.
Ба гуфтаи сароянда, ӯ дар озмун фазои бебаҳо ва масъулияти бузургро эҳсос кардааст.
"Ман мехостам, ки ҳунарнамоям комил бошад. Умедворам, ки шумо низ мисли ман дар ин саҳна аз ин ҳунарнамоӣ баҳра бурдед", - нақл кард овозхони тоҷик аз таассуроташ дар рӯи саҳна.
Ба ақидаи ӯ, "тамошобин дар Русия беҳамто аст".
"Ман дар бисёр ҷойҳо ҳунарнамоӣ кардаам. Тамошобинон дар Русия чунин мардуми гарм, мусиқашинос ва нотакрор ҳастанд", - гуфт ӯ аз бархӯрди тамошобинон ба ҳунарнамоии ӯ дар "Интервидение".
Фаррух мегӯяд, медонист, ки дар Ватан ҳамагӣ барояш мухлисӣ мекунанд.
"Ҳоло тамоми Тоҷикистон бо ман аст. Ман инро эҳсос мекунам. Ба ҳама раҳмати калон мефиристам!", - гуфт Ҳасанов.
Ғолиби озмуни бонуфуз Дук Фук аз Ветнам шуд. Қирғизистон ҷои дуюмро гирифт.
Сегонаи "Номад" 373 хол гирифт. Ҷойи сеюм насиби Қатар шуд, ки онро Дана Ал-Мир бо таронаи "Huwa Dha Anta" ("Инак ту ҳастӣ") намояндагӣ кард.
Қобили зикр аст, ки сарояндаи рус Шаман аз ҳайати доварон хост, ки ҳунарнамоии ӯро баҳо надиҳанд: ба хотири меҳмоннавозӣ, ӯ ҳаққи ғолибият надошт.
Ҳамчунин эълом шуд, ки "Интервидение" соли оянда дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.