ДУШАНБЕ, 20 сен — Sputnik. Тоҷикистон дар тарҳи ҳамлу нақли АвруОсиё миллиардҳо доллар сармоягузорӣ кардааст.
Инро таҳлилгарони Бонки АвруОсиёии Рушд ҳисоб кардаанд.
Ба гуфтаи мутахассисони БАОР, кишвар ба ин тарҳ 5,0 млрд доллар сармоягузорӣ кардааст.
Ҳаҷми умумии сармоягузорӣ 234,1 млрд доллар арзёбӣ мешавад. Таҳлилгарон қайд мекунанд, ки Русия саҳми аз ҳама бештарро дорад, ки сармояи он 137,1 млрд долларро ташкил медиҳад.
Сармоягузории кишварҳо ба қолаби нақлиётии АвруОсиёӣ
© Sputnik
Дар маблағгузории лоиҳа дар маҷмӯъ 13 кишвар ширкат доранд: Русия, Тоҷикистон, Қазоқистон, Туркманистон, Қирғизистон, Узбекистон, Муғулистон, Эрон, Арманистон, Гурҷистон, Афғонистон, Белорус ва Озарбойҷон.
Ҳисоботи таҳлилгарон нишон медиҳад, ки камтарин ҳиссаи сармоягузорӣ ба Белорус (1,2 миллиард) ва Озарбойҷон (2,1 миллиард) рост меояд.
Тарҳи нақлиётии АвруОсиё як шабакаи долонҳо ва масирҳои байналмилалии нақлиётии ба ҳам пайвастшуда мебошад, ки пайвастагии дохиливу фаромарзӣ дар саросари Авруосиёро таъмин мекунанд.
Рушди тарҳ ба ташкили маркази нақлиётӣ дар Осиёи Марказӣ мусоидат намуда, ба афзоиши ҳамлу нақли байналмилалӣ ва транзитӣ саҳм мегузорад.