Ҷовидона: Чӣ гуна вайронаҳои як шаҳри бостонӣ дар кӯҳистони Тоҷикистон ҳифз шудаанд?

Харобаҳои шаҳри қадимии шаҳри Карон дар деҳаи Рузваи ноҳияи Дарвози ВМКБ дар масофаи 8,5 км аз маркази ноҳия ҷойгиранд
Sputnik
Вайронаҳои ин шаҳри бостонӣ дар баландии 1500-1700 метр аз сатҳи баҳр, 1000 метр дуртар аз деҳаи Рузвай дар кӯҳи Зоик ҷойгир шудаанд.
Бо сабаби бузургии масоҳати ин макон олимон тахмин мезананд, ки дар гузашта он шаҳри шоҳон ва макони ашроф буда, дар он шоҳ, хешовандон, лашкариён, ва хизматгоронаш зиндагӣ мекарданд.
Сарчашмаҳои таърихӣ аз мавҷудияти шаҳри қадими Карон миёна хабар медиҳанд. Аммо, ин макон то ба наздикӣ ҳамчун мероси таърихӣ ва фарҳангӣ ва ҷозиб барои сайёҳон шинохта нашуда буд. Соли 2012 бостоншиносони тоҷик ва рус шаҳри Каронро дар ноҳияи Дарвоз кашф карданд.
Бозёфти нодир: Дар шаҳри Бохтар ду сиккаи давраи Темуриён ёфт шуд - акс
Бояд қайд кард, ки мардуми маҳаллӣ ин ҷойро “Қалъаи кӯҳна меномиданд”. Бостоншиносон аллакай дар шаҳри Карон боқимондаҳои маъбади Панҷманораи оташ, маъбадҳои обу шамол, осиёби бодӣ, пораи китоб ва чанд бинои маъмуриро кашф кардаанд.
Бо назардошти ин бозёфтҳо шаҳри Карон ба рӯйхати мероси нодири фарҳангӣ шомил карда шуд.
Чӣ гуна аз бозёфтҳои бостонӣ дар Тоҷикистон метавон суди моддию маънавӣ гирифт?
Ба шаҳри бостонии Карон метавон ба осонӣ аз Қалъаи Хумб, ки маркази ноҳияи Дарвоз аст, расид.