ДУШАНБЕ, 16 сен — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри миллат бо Раиси Жогорку Кенеши (Парлумони) Қирғизистон Нурланбек Тургунбек уулуро масоили ҳамкории Тоҷикистону Қирғизистон баррасӣ кард.
Тавре Хадамоти матбуоти раисҷумҳур хабар додааст, ҷонибҳо ҳамкориҳо дар соҳаҳои барои ҳар ду ҷониб судманд, аз ҷумла робитаҳои байнипарлумонӣ баррасӣ намуданд.
Эмомалӣ Раҳмон дар ин мулоқот қайд кард, ки “Тоҷикистон ба рушди ҳамкории гуногунҷанба бо ҳамсояи наздикаш — Қирғизистон аҳамияти хоса медиҳад”.
Раҳбари Тоҷикистон таъкид намуд, ки дипломатияи парлумонӣ метавонад дар пешрафти ин раванд нақши муҳим бозад.
Ҳамзамон дар мулоқот ба фаъолияти гуруҳи дӯстии байнипарлумонӣ, табодули таҷриба ва дастгирии ҳамдигар дар арсаи байналмилалӣ ба воситаи парламентҳо таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид.
Инчунин зимни мулоқот роҳбари Тоҷикистон ва раиси парлумони Қирғизистон ба рушди ҳамкории ду кишвар дар соҳаҳои афзалиятноки тиҷоратӣ, иқтисодӣ, нақлиётию транзитӣ, бахши агросаноатӣ, инчунин обию энергетикӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намуданд.
Ҳамчунин ҷонибҳо тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳангию гуманитариро низ баррасӣ карданд.
Кишвардори Тоҷикистон ва раиси парлумони кишвари ҳамсоя ҳамчунин дар бораи тақвияти ҳамкории ду кишвар дар чаҳорчӯби сохторҳои бисёрҷониба, бахусус, СММ, ИДМ, СҲШ ва СПАД гуфтугӯ карданд.