ДУШАНБЕ, 15 сен — Sputnik. Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ деҳаи нав бо номи "Обшорон" бунёд шудааст.
Сохтмони деҳа бо дастгирии Ташкилоти ҷамъиятии хайриявии "Тоҷикистон" амалӣ гардидааст, хабар медиҳад Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ.
Гуфта мешавад, ки дар он дар марҳилаи аввал 10 хонаи нави истиқоматӣ сохта ва ба ятимони куллл ва нимятимон тақдим гардидааст.
"Ин иқдом имконият фароҳам овард, ки қишри осебпазири ҷомеа соҳиби манзили муосир гардида, бо шароити арзандаи зиндагӣ таъмин шавад", - омадааст дар хабарнома.
Ҳамзамон дар деҳаи нав дабистон барои 134 хонанда ва бунгоҳи тиббӣ низ сохта шудааст.
Бо ифтитоҳи деҳаи "Обшорон" сокинони ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ соҳиби макони нави зиндагӣ, муассисаи тиббӣ ва мактаби муосир шуданд.
Ин дар ҳолест, ки дар деҳаи "Айлодара"-и Ҷамоати деҳоти ба номи Ғаффор Мирзои вилояти Хатлон низ, барои оилаҳои камбизоат ва бесаробон 10 хонаи истиқоматӣ сохта шуд.
Манзилҳо ба оилаҳое тақдим шудаанд, ки саробони худро аз даст додаанд ва дар шароити душвори иҷтимоӣ бо фарзандони ноболиғ ба сар мебаранд.