ДУШАНБЕ, 15 сен — Sputnik. Кӯҳнаварди рус, ки дар мавзеъи Чимтарға аз баландӣ афтода, пояш шикаста, осеби ҷиддӣ дида буд, дар беморхонаи марказии шаҳри Панҷакент табобат мегирад.
Раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода ахиран сайёҳи маҷрӯҳро, ки шаҳрванди Русия, сокини шаҳри Екатеринбурги вилояти Свердловск Телитсин Антон аст, дар бемористон аёдат ва ҳолпурсӣ намуд.
Ҳамсар ва писари кӯҳнавард, ки ба Тоҷикистон омадаанд, ҳамроҳи ӯ ҳастанд. Мақомоти шаҳр ва табибон барои муолиҷаи ҷабрдида ва хонаводаи ӯ шароити мусоид фароҳам овардаанд.
“Сайёҳи рус ва ҳамсару писараш, ки ба дидорбинии ӯ омадаанд, аз таваҷҷӯҳи мақомоти шаҳрдорӣ, ғамхории табибон, муҳайё кардани шароити мусоид барои табобат изҳори миннатдорӣ карданд”, - қайд кардааст манбаъ.
Табибон ҳолати сайёҳи русро қаноатбахш арзёбӣ намуданд.
Ёдовар мешавем, ки кӯҳнаварди рус Антон Телитсини 44 сола ҳангоми саёҳат дар мавзеъи Чимтарға аз баландӣ афтода, пояш шикаста, осеби ҷиддӣ дида буд.
Бо супориши мақомоти шаҳри Панҷакент гурӯҳи зудамали наҷотдиҳии шуъбаи шаҳрии Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи гажданӣ дар вилояти Суғд ба ҷои ҳодиса сафарбар шуда, ӯро аз ҷойи ҳодиса ба деҳаи Вору расонданд. Сипас наҷотдиҳандагон ӯро ба беморхонаи марказии шаҳр интиқол доданд.