Эълони доварони бозии тими "Истиқлол" ва дастаи Криштиану

Ба ҳайси довари асосӣ нафаре интихоб шудааст, ки пештар низ бозии ин ду дастаро арзёбӣ карда буд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 13 сен — Sputnik. Ҳайати доварон дар бозии "Ал-Наср" ва "Истиқлол" аз ҷониби Конфедератсияи футболи Осиё муайян шуданд.
Дар ин бора, хадамоти матбуотии тими "Истиқлол" гузориш додааст.
Гуфта мешавад, ки бозии даври аввали марҳилаи гурӯҳии Лигаи Қаҳрамонҳои КФО миёни тимҳои "Ал-Наср" ва "Истиқлол"-ро як доваре, ки пештар низ бозии ин ду тимро арзёбӣ кардааст, баҳогузорӣ менамояд.
Ҳамин тавр, довари асосии ин бозӣ довари ФИФА Ко Хюнг Ҷин аз Кореяи Ҷанубӣ хоҳад буд.
Ӯ қаблан дар мавсими 2023-2024 вохурии дастаҳоро ҳакамӣ намуда буд.
Ёдовар мешавем, ки вохӯрии даври якуми марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2025/26 миёни дастаҳои “Ал-Наср”-и Арабистони Саудӣ ва “Истиқлол”- и Тоҷикистон рӯзи 17 сентябр баргузор мешавад.
Ин бозӣ дар варзишгоҳи “Ал-Аввал Парк”-и шаҳри Риёз баргузор мегардад.
Оғози бозӣ соати 23:15 бо вақти Душанбе.
Криштиану Роналду ба Тоҷикистон меояд?
"Истиқлол" дар ин гуруҳи D ба ғайр аз "Ал-Наср" боз бо дастаҳои "Ал Завра"-и Қатар ва "Гоа"-и Ҳиндустон вохӯрӣ анҷом хоҳад дод.
Аз рӯи натиҷаҳои ин қуръакашӣ саудиҳо барои бозии ҷавобӣ ба Душанбе меоянд.
Дар ҳамин ҳол, пешгӯӣ мешавад, ки дар ҳайати онҳо Роналду ҳам вориди Тоҷикистон мешавад.