ДУШАНБЕ, 10 сен — Sputnik. Муҳлати танзими вазъи шаҳрвандони хориҷӣ дар Русия ба охир расид.
Хадамоти муҳоҷирати ВКД иттилоъ дод, ки аз 11 сентябр танзими вазъи ҳуқуқӣ ғайриимкон аст ва аз он рӯз то ихроҷи онҳо аз Русия чораҳои маҳдуд кардани ҳуқуқҳои муайян, аз ҷумла манъи вуруд ба кишвар, андешида мешаванд.
Ҳамчунин, маълумот дар бораи онҳо ба феҳристи шахсони назоратшаванда дохил карда мешавад.
Ҳанӯз моҳи апрели соли ҷорӣ Путин як фармоне содир карда буд, ки имкони танзими мақоми ҳуқуқии ғайриқонуниро то 10 сентябр тамдид кард.
"Шаҳрвандони хориҷӣ, ки вазъи ҳуқуқии худро танзим накардаанд ва муҳлати иҷозати будубоши худро ба муддати беш аз 90 рӯз тамдид накардаанд (тамоми сафарҳо ба Русия аз 1 январи соли 2025 ба инобат гирифта мешавад), бояд то 11 сентябр аз кишвар хориҷ шаванд", - омадааст дар хабарнома.
Аз 5 феврал дар Русия барои хориҷиёне, ки ғайриқонунӣ дар ин кишвар будубош мекунанд, низоми муҳоҷирати ихроҷ ҷорӣ шуд. Онҳо ба феҳристи шахсони назоратшаванда дохил карда мешаванд.
Режими ихроҷ маҳдуд кардани ҳуқуқ ва озодиҳои муайяни муҳоҷирони ғайриқонуниро пешбинӣ мекунад. Аз ҷумла, онҳо наметавонанд:
бе иҷозати мақомоти корҳои дохилӣ ҷои истиқомат ва ё будубоши худро иваз кунанд;
тарк кардани минтақаи иқомат;
рондани нақлиёт;
харидории молу мулк;
бақайдгирии амволи ғайриманқул дар феҳристи кадастри;
кушодани суратҳисоби бонкӣ ва дигар амалиёти бонкиро анҷом диҳад.
Инчунин, шахси назоратшаванда бояд вақти гирифтани фамрон ба мақомоти корҳои дохилӣ дар муҳлати муқарраршуда ҳозир шуда, маҳдудиятҳои муқаррарнамудаи қонунро риоя намояд.
Дар сурати нақзи такрории (ду маротиба ва зиёда) қоидаҳо аз ҷониби муҳоҷир, ӯро депортатсия ё ҷойгир кардан дар муассисаи махсуси мақомоти ҳудудии Вазорати корҳои дохилӣ интизор аст.