ДУШАНБЕ, 9 сен — Sputnik. Ба гуфтаи вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон Холмаҳмадзода Солеҳа дар даврони соҳибистиқлолӣ соҳаҳои меҳнат, муҳоҷират, шуғли аҳолӣ ва ҳунармандӣ рушд карда, заминаҳои меъёрии ҳуқуқи ин соҳаҳо такмил ёфтааст.
Вай гуфт, дар ин давра дар кишвар зиёда аз 3 млн. 716 ҳазору 985 ҷойҳои нави корӣ таъсис ёфта, беш аз 1 млн. 182 ҳазору 580 нафар бекорон ба шуғл фаро гирифта шуданд.
Дар муассисаҳои таълими касбии низоми вазорат 485,9 ҳазор нафар шаҳрвандони бекор, корҷўёну муҳоҷирони меҳнатӣ ба таври ройгон аз тайёрии касбӣ гузаштанд.
Хонум Холмаҳмадзода афзуд, дар доираи лоиҳаи “Такмили маҳорати касбӣва имконоти шуғли аҳолӣ” дар шаҳри Душанбе, Хуҷанд, Бохтар, Роғун, Данғара ва Восеъ 6 маркази нави ба стандартҳои байналмилалӣ муҷаҳҳаз сохта ба истифода дода шуданд.
Илова бар ин, барномаи "Системаи ягонаи миллии иттилоотии бозори меҳнат" таҳия ва амалӣ карда мешавад.
То имрӯз, Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ барои гузаштан ба системаи рақамии хизматрасонӣ бо таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳҳаз гардидааст, афзуд вазир.