Рӯзи Истиқлоли давлатӣ дар Маскав чӣ гуна таҷлил шуд – видео

8 сентябри соли равон дар шаҳри пойтахти Русия чорабинии тантанавӣ оид ба муносибати таҷлили 34-умин солгарди Истиқлоли давлатии Тоҷикистон баргузор гардид.
Sputnik
Дар чорабинӣ аъзои Шурои Федератсия, вакилони Думаи давлатӣ, роҳбарияти Вазорати корҳои хориҷӣ, дигар мақомоти давлатии РУсия, сафирон ва дипломатҳои хориҷӣ, доираҳои сиёсию соҳибкорӣ ва ходимони илму фарҳанги давлати иқомат, инчунин намояндагони воситаҳои ахбори омма ва ҳамватанони муқими Русия ҳузур доштанд.
Сафири Тоҷикистон дар Русия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода дар суханронии худ дар бораи сиёсати дохилию хориҷӣ, дастовардҳо соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии Тоҷикистон дар даврони соҳибихтиёрӣ кишвар, ба ҳозирин иттилоъ дод.
Вай аз аз рушди кишвар дар солҳои истиқлолият, нақши афзояндаи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ва ҳамкории шарикии стратегӣ бо Русия ёдовар шуд.
Гулмаҳмадзода: Муносибатҳои Тоҷикистону Русия хусусияти стратегӣ доранд
Муовини раиси Шурои Федератсияи Маҷлиси Федералии Русия Журавлев Николай ва Муовини вазири корҳои хориҷии Федератсияи Россия Панкин Александр суханронӣ карданд.
Онҳо марудми Тоҷикистонро ба муносибати ҷашни Истиқлоли давлатӣ табрик намуда, оид ба ҳолат ва дурнамои ҳамкориҳои ду кишвари дӯст васф карданд.
Чорабиниро барномаи фарҳангӣ, ки таҷассумгари таърихи бостонӣ, фарҳанги ғанӣ ва бозгуй аз анъанаҳои деринаи халқи тоҷик ба ҳисоб меравад, пуршукуҳ гардонид.
Муовини вазири корҳои хориҷӣ: Русия шарики асосии тиҷорӣ ва иқтисодии Тоҷикистон аст
Ҳамзамон, дар ҳошияи баргузории чорабинии мазкур намоишгоҳи молу маҳсулоти истеҳсолкунандагони миллӣ, меваҳои тару хушк ва маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили либосҳои миллӣ, сӯзанӣ, чакандӯзӣ, инчунин имкониятҳои сайёҳӣ, мусаввараҳои рассомони тоҷик ва ашъёи сангину чӯбини миллӣ ташкил карда шуд.