Гулмаҳмадзода: Муносибатҳои Тоҷикистону Русия хусусияти стратегӣ доранд

Сафири Тоҷикистон дар Русия аз рушди кишвар дар солҳои истиқлолият, нақши афзояндаи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ва ҳамкории стратегӣ бо Русия зикр кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 9 сен — Sputnik. Муносибатҳои Тоҷикистону Русия хусусияти стратегӣ ва иттифоқӣ доранд, гуфт сафири кишвар Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода дар маросими таҷлили Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳри Макав.
"Дар солҳои истиқлол ҳамкориҳои Тоҷикистону Русия яке аз ҷойгоҳҳои аслии сиёсати хориҷии кишвари моро ишғол кардаанд. Муносибатҳои кишварҳои мо хусусияти стратегӣ ва иттифоқӣ доранд”. – гуфт Гулмаҳмадзода дар маросими таҷлили Рӯзи истиқлоли Тоҷикистон дар шаҳри Маскав.
Вай кайд кард, ки робитаҳои дутарафа доираи хеле васеъи бахшҳои гуногунро дарбар мегиранд.
"Имсол хусусанд равобит дар сатҳи олӣ пурзур шуданд. Сафари расмии Президенти Тоҷикистон ба Русия сурат гирифт, ки дар рафти он доираи васеи масъалаҳо баррасӣ шуданд. Ҳамоҳангсозии мавқеъҳо дар бораи масоили мубрами рӯз сурат гирифт. Алоқаҳои байнипарлумонӣ низ фаъолона инкишоф меёбанд. Соли равон сафарҳои расмӣ сурат гирифт. Нақши муҳимро барои рушди ҳамкориҳои мутақобил нахуствазирони ҳар ду кишвар ва роҳбарони идораҳои дахлдор бозӣ намуданд", - ёдовар шуд сафир.
Ба гуфтаи оқои Гулмаҳмадзода, ҳамкориҳои иқтисодии ду кишвар босуръат рушд доранд.
Муовини вазири корҳои хориҷӣ: Русия шарики асосии тиҷорӣ ва иқтисодии Тоҷикистон аст
"Русия шарики аслии тиҷории Тоҷикистон боқӣ мемонад. Солҳои охир тамоюли устувори афзоиши гардиши мол ба мушоҳида мерасад. Равобити фарҳангӣ пайваста таҳким меёбад. Моҳи июни соли ҷорӣ дар Русия Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон баргузор шуданд. Ҳамаи ин аз муносибатҳои неки Тоҷикистону Русия, ки ба манфиати мардуми ду кишвар аст шаҳодат медиҳад", - гуфт сафири Тоҷикистон дар Русия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода.
Ёдовар мешавем, ки 8 сентябри соли равон дар шаҳри Москва чорабинии тантанавӣ оид ба муносибати таҷлили 34-умин солгарди Истиқлоли давлатии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар чорабинӣ аъзои Шурои Федератсия, вакилони Думаи давлатӣ, роҳбарияти Вазорати корҳои хориҷӣ, дигар мақомоти давлатии Русия, сафирон ва дипломатҳои хориҷӣ, доираҳои сиёсию соҳибкорӣ ва ходимони илму фарҳанги давлати иқомат, инчунин намояндагони воситаҳои ахбори омма ва ҳамватанони муқими Русия ҳузур доштанд.
Дар назди ҳозирин, сафири Тоҷикистон дар Маскав Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, Муовини раиси Шурои Федератсияи Маҷлиси Федералии Русия Журавлев Николай ва Муовини вазири корҳои хориҷии Русия Панкин Александр суханронӣ карданд.
Эмомалӣ Раҳмон тоҷикистониёнро бо Рӯзи истиқлолияти табрик гуфт
Онҳо ҷониби Тоҷикистонро ба муносибати ҷашни Истиқлоли давлатӣ табрик намуда, оид ба ҳолат ва дурнамои ҳамкориҳои ду кишвари дӯст васф карданд.
Чорабиниро барномаи фарҳангӣ, ки таҷассумгари таърихи бостонӣ, фарҳанги ғанӣ ва бозгуй аз анъанаҳои деринаи халқи тоҷик ба ҳисоб меравад, пуршукуҳ гардонид.