ДУШАНБЕ, 8 сен — Sputnik. Раисҷумҳури Русия Владимир Путин ба ҳамтои тоҷикаш Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба Рӯзи истиқлолияти Тоҷикистон барқияи табрикотӣ фиристод.
Дар ин бора дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, дар ин паём раҳбари Русия табрикоти самимӣ расонида, ҳамчунин аз муваффақиятҳои Душанбе дар 34 соли мустақилияташ ёдовар шудааст.
Раисҷумҳури Русия дар паёми табрикотии худ таъкид кардааст, ки Тоҷикистон дар соҳаҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ ба комёбиҳои назаррас даст ёфта, дар арсаи байналмилалӣ аз обрӯю эътибори шоиста бархурдор гардидааст.
“Равобити Русия ва Тоҷикистон дар руҳияи шарикии стратегӣ ва ҳампаймонӣ муваффақона рушд мекунанд. Давлатҳои мо дар самтҳои гуногун ҳамкории босамар доранд, талошҳои худро дар доираи ИДМ, СААД, СҲШ, СММ ва дигар сохторҳои бисёрҷониба ҳамоҳанг месозанд”, - қайд кардааст Владимир Путин.
Раҳбари Русия таъкид кардааст, ки кишвараш минбаъд низ робитаҳои созандаи дуҷонибаамонро ба нафъи ду мардум, ба манфиати таъмини амнияту субот дар минтақаи Осиёи Марказӣ ҳамаҷониба тақвият хоҳад дод.
Ӯ дар фарҷом ба Эмомалӣ Раҳмон саломатии бардавом, комёбиҳо ва ба тамоми шаҳрвандони Тоҷикистон некуаҳволӣ ва шукуфоӣ таманно кард.